ФАО рушди кишоварзии органикӣ дар Қазоқистонро дастгирӣ хоҳад кард – ИА Караван Инфо
ФАО рушди кишоварзии органикӣ дар Қазоқистонро дастгирӣ хоҳад кард

ОСТОНА, 25 декабр 2025 – АИ «Караван Инфо». Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО) омодагии худро барои ҳамкорӣ бо технопарки қазоқистонии KazAgroOrganic изҳор дошт. Мулоқоти коршиносони ФАО бо намояндагони донишгоҳи Тадқиқотии агротехникии Қазоқистон ба номи С. Сейфуллин ба дурнамои рушди кишоварзии органикӣ ва пешбурди маҳсулоти экологӣ бахшида шуд.

Профессор Гулназим Оспангулова натиҷаҳои кори технопарки KazAgroOrganic – ро пешниҳод намуд ва нақши онро ҳамчун майдончаи инноватсионӣ барои ҷорӣ намудани технологияҳои муосири агротехнологӣ, ташаккули заминаи илмӣ – амалӣ ва рушди истеҳсолоти устувори органикӣ дар кишвар қайд намуд.

Ҷонибҳо тавсеаи бозори дохилии маҳсулоти органикӣ ва баромади истеҳсолкунандагони Қазоқистонро ба бозорҳои хориҷӣ баррасӣ намуданд. Коршиносони ФАО иқтидори баланди технопаркро барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак муайян намуданд ва самтҳои ҳамкориро пешниҳод намуданд.

Аксҳо: KazAgroOrganic

error: