Қазоқистон таҷрибаи Чинро дар истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини мусофирбарӣ меомӯзад
Остона, 23 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Ҳайати Қазоқистон бо сарварии муовини вазири нақлиёт Талгат Ластаев барои омӯзиши технологияҳои пешрафтаи ҳаракати ҳавоии шаҳр ба корхонаи ширкати EHang дар Чин ташриф овард. Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорати Нақлиёти ҶҚ хабар медиҳад.

Дар ҷараёни сафар ҷонибҳо имкониятҳои ҷорӣ намудани дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишини навъи eVTOL (аппаратҳои барқии парвоз ва нишасти амудӣ) барои интиқоли мусофирон ва логистикаро дар Қазоқистон баррасӣ намуданд.
Ҳайат бо иқтидорҳои истеҳсолӣ ва таҳияҳои пешрафтаи EHang, яке аз пешсафони ҷаҳонӣ дар сегменти таксиҳои ҳавоии мустақил шинос шуд.
Аксҳо: Вазорати Нақлиёти ҶҚ
