ВКХ-и Қазоқистон ва Тоҷикистон таҳкими шарикии стратегиро баррасӣ намуданд
Остона, 24 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Муовини Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермуҳамбет Конуспаев бо сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода мулоқот намуд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро, аз ҷумла соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва обу энергетикаро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ-и ҶҚ.

“Соли 2025 марҳилаи муҳим дар густариши ҳамкории амалӣ дар сатҳи ҳукуматӣ, байнипарлумонӣ ва байнисоҳавӣ буд”, – қайд намуданд дар вазорат.
Ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи ташкилотҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин омодагии дастгирии мутақобила ба ташаббусҳои тарафҳо диққати махсус дода шуд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
