Душанбе, 25 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити мураккаб гардидани вазъи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориҳои байналмилалиро ҷиҳати рушди инфрасохтори калидӣ ва баланд бардоштани устувории иқтисоди миллӣ пайгирона тақвият мебахшад. Яке аз шарикони муҳими ин раванд Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон (JICA) мебошад, ки саҳми худро дар татбиқи лоиҳаҳои соҳаҳои нақлиёт, гумрук ва энергетика густариш медиҳад.

Дар ҳошияи ҳамоиши «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» дар шаҳри Токио вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти JICA Акихико Танака баргузор гардид. Сарвари давлат саҳми бисёрсолаи агентиро дар рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти дастгирии Ҷопонро барои татбиқи афзалиятҳои стратегии миллӣ таъкид кард.
Бо дарназардошти вазъи кунунии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ҷонибҳо зарурати тақвияти ҳамбастагии нақлиётӣ ва пешбурди иқтисоди сабз-ро ҳамчун самтҳои калидии ҳамкории минбаъда бори дигар тасдиқ намуданд.
Дар идомаи ин раванд, қаблан мубодилаи нотаҳо байни Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Фурута Кейко ва вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Муҳриддин Сироджиддин баргузор гардида буд. Дар асоси ин нотаҳо маросими имзои созишномаҳои грантӣ оид ба ду лоиҳаи муҳими инфрасохторӣ баргузор шуд.
Лоиҳаи аввал ба такмили таҷҳизоти сканеркунии борҳо дар Гумруки Спитамен дар масири байналмилалии нақлиётии Транскаспий равона гардида, арзиши он 1,3 млрд иени ҷопонӣ (тақрибан 8,6 млн доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Ҳадафи лоиҳа беҳтарсозии алоқаи нақлиётӣ, таҳкими амнияти иқтисодӣ ва баланд бардоштани самаранокӣ ва шаффофияти идоракунии давлатӣ дар соҳаи гумрук мебошад.
Лоиҳаи дуюм сохтмони зеристгоҳи 220 кВ барои шабакаи магистралии барқи шаҳри Душанбе-ро дар марҳилаи таҳияи муфассали лоиҳавӣ пешбинӣ мекунад. Он ба баланд бардоштани эътимоднокии таъминоти барқ дар пойтахт равона шуда, барои рушди устувори иқтисоди шаҳр замина фароҳам меорад. Ҳаҷми грант барои татбиқи ин лоиҳа 41 млн иен (тақрибан 0,26 млн доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад.
Дар маросими имзои созишномаҳо вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, роҳбари намояндагии JICA дар Тоҷикистон Сэйдзю Имаи, намояндагони ниҳодҳои давлатӣ ва меҳмонони даъватшуда иштирок намуданд.
Ҳар ду лоиҳа ба авлавиятҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мутобиқ буда, ба афзоиши иқтидори нақлиётӣ ва транзитӣ, таҳкими эътимоднокии таъминоти барқ ва рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар мусоидат мекунанд.

Ҳамкории JICA бо Тоҷикистон аз соли 1993 оғоз ёфта, дар ибтидо ба омодасозии кадрҳо дар соҳаи идоракунии давлатӣ ва рушди макроиқтисодӣ равона гардида буд. То моҳи декабри соли 2025 зиёда аз 2600 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар барномаҳои омӯзишии агентӣ ширкат варзидаанд.
Пас аз ифтитоҳи намояндагии JICA дар Тоҷикистон дар соли 2006 ҳамкорӣ ба таври назаррас густариш ёфта, соҳаҳои муҳими кишоварзӣ, рушди деҳот, таъминоти об, тандурустӣ, нақлиёт, энергетика, рушди иқтидори институтсионалӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёнаро фаро гирифт.
Тибқи натиҷаҳои соли молиявии 2024 маҷмӯи лоиҳаҳои JICA дар Тоҷикистон 60 лоиҳаро бо арзиши беш аз 47,1 млрд иени ҷопонӣ дар бар мегирад, ки аз он 13,2 млрд иен ба ҳамкории техникӣ ва 33,9 млрд иен ба кӯмаки грантӣ рост меояд. Ин нишондиҳандаҳо устуворӣ ва дарозмуддат будани ӯҳдадории Ҷопонро дар самти рушди устувор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолии Тоҷикистон инъикос мекунанд.
АКС: аз ҷониби JICA пешниҳод шудааст
