Паёми Президент — раҳнамои амал: дар ноҳияи Шоҳмансур самтҳои асосии рушди кишвар шарҳ дода шуданд – ИА Караван Инфо
Паёми Президент — раҳнамои амал: дар ноҳияи Шоҳмансур самтҳои асосии рушди кишвар шарҳ дода шуданд

Душанбе, 26 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». 23 декабри соли 2025 дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 вохӯрии судманд баргузор гардид. Чорабинӣ ба баррасии самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва татбиқи онҳо дар сатҳи маҳаллӣ бахшида шуд.

Дар вохӯрӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Шермуҳаммад Шоҳиён, вакилони Маҷлиси намояндагон Ориф Амирзода, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон Шаҳбози Аброр, намояндаи Ҳизби аграрии Тоҷикистон Нуралӣ Ниёзов, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Абдураҳим Шоҳиён, роҳбарияти ноҳия, кормандони дастгоҳ ва фаъолони маҳаллӣ иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини раиси ноҳия аҳаммияти Паёмро ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ таъкид намуда, онро роҳнамои рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишвар арзёбӣ кард. Сипас вакилон перомуни бахшҳои калидии Паём — иқтисодиёт ва молия, саноат ва нақлиёт, соҳибкорӣ ва кишоварзӣ, маорифу илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, занон ва мавқеи онҳо дар давлатдорӣ — суханронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дастовардҳои байналмилалии Тоҷикистон, аз ҷумла қабули қатъномаҳо оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ворид гардидани ёдгориҳои Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва эълон гардидани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ», мавқеи кишварро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам тақвият бахшидаанд.

Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат пешниҳод шудааст соли 2026 ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардад.

Дар анҷом иштирокчиён иброз доштанд, ки сокинони ноҳияи Шоҳмансур бо ҳисси баланди масъулият минбаъд низ дар татбиқи ҳадафҳои Паём ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

АКС: Маҷлиси намояндагон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: