Шаффофият тавассути рақамисозӣ: дар Душанбе назорати электронии сохтмон ҷорӣ мегардад – ИА Караван Инфо
Шаффофият тавассути рақамисозӣ: дар Душанбе назорати электронии сохтмон ҷорӣ мегардад

Душанбе, 26 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе марҳила ба марҳила низоми нави муносибат байни давлат, сохтмончиён ва шаҳрвандон ташаккул меёбад. Дар доираи иҷрои дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ тадбирҳои мушаххас ҷиҳати таъмини шаффофияти равандҳои сохтмонӣ, ҳимояи ҳуқуқи ҳиссагузорон, пешгирии ҳолатҳои фиребхӯрии шаҳрвандон ва рақамикунонии соҳаи шаҳрсозӣ амалӣ карда мешаванд.

Яке аз иқдомҳои муҳим ҷорӣ намудани QR-кодҳои махсус дар даромадгоҳҳои майдонҳои сохтмонӣ ва нуқтаҳои фурӯши биноҳои истиқоматии баландошёна мебошад. Ин ташаббус аз ҷониби Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе роҳандозӣ гардида, ба ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки пеш аз харид ё бастани шартномаи ҳиссагузорӣ маълумоти расмиро мустақилона ва фавран санҷад.

Тартиби истифодаи низом хеле содда аст: бо скан намудани QR-код тавассути телефони мобилӣ истифодабаранда вориди низоми ягонаи электронии мегардад. Ин платформа манбаи расмӣ ва боэътимоди иттилоот дар бораи сохтмони биноҳои истиқоматии баландошёна дар шаҳри Душанбе буда, тамоми ҳуҷҷатҳои пешазсохтмониро дар шакли шаффоф пешниҳод менамояд.

Дар як лаҳза шаҳрванд метавонад мавҷуд будани ҳуҷҷатҳои муҳимеро аз қабили қарори лоиҳакашӣ, мувофиқаи нақшаи кулл, шиносномаи бино, хулосаи экспертиза, қарори иҷозати сохтмон ва иҷозати оғози корҳои сохтмониро тафтиш намояд. Ин раванд эҳтиёҷ ба муроҷиати иловагӣ ё миёнаравонро аз байн мебарад ва сатҳи эътимодро боло мебарад.

Ба андешаи мутахассисон, ҷорӣ шудани чунин механизм хатари ҳуқуқӣ ва молиявиро барои шаҳрвандон коҳиш дода, фарҳанги сармоягузории огоҳонаро дар ҷомеа тақвият мебахшад. Ҳамзамон, он бозори сохтмонро ба риояи меъёрҳои қонунӣ ва масъулияти бештар водор месозад.

Дар маҷмӯъ, истифодаи QR-кодҳо дар соҳаи шаҳрсозӣ қадами муҳим ба сӯи шаҳри муосир, шаффоф ва рақамӣ буда, заминаи боэътимод барои рушди устувори пойтахт фароҳам меорад.

Акс: Шабакаи телеграмм пулиси Душанбе



error: