Фарҳанг ҳамчун такягоҳи рушд: дар деҳоти Палдорак маркази нави фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт – ИА Караван Инфо
Фарҳанг ҳамчун такягоҳи рушд: дар деҳоти Палдорак маркази нави фарҳангӣ ифтитоҳ ёфт

Душанбе, 26 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Тақвияти инфрасохтори фарҳангӣ дар деҳот яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар ҳамин замина дар Ҷамоати деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Маркази нави фарҳангӣ ба истифода дода шуд. 

Дар маросими ифтитоҳ вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, раиси ноҳияи Мастчоҳ Аъзам Ализода, муовини раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ, аҳли фарҳанг ва сокинони маҳаллӣ иштирок карданд.

Маркази фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70-солагии азхудкунии дашти Дилварзин бунёд гардидааст. Корҳои лоиҳакашӣ ҳанӯз соли 2013 оғоз шуда, марҳилаи асосии сохтмон аз соли 2016 идома ёфт. Иншоот бо маблағгузории Вазорати фарҳанг сохта шуда, пудратчии он муассисаи давлатии соҳавӣ оид ба ҳифз ва истифодаи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ мебошад.

Бинои дуошёна масоҳати умумии 610 метри мураббаъ дошта, аз 19 ҳуҷраи кории барҳаво ва муҷаҳҳаз иборат аст. Дар марказ барои маҳфилҳои рубобнавозӣ ва доиранавозӣ, шашмақомсароӣ, рассомӣ ва ҳунармандӣ шароити муосир фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якум толори рақс, студияи сабти овоз, ҳуҷраҳои техникӣ ва толори намоишӣ бо 200 ҷойи нишаст ҷойгир буда, ошёнаи дуюм китобхона, утоқҳои маъмурӣ ва бахшҳои гуногуни ҳунарҳои мардумиро дар бар мегирад.

Пас аз ифтитоҳ дар толори марказ барномаи рангини консертӣ баргузор гардид. Вазири фарҳанг Матлубахон Сатториён зимни суханронӣ таъкид намуд, ки чунин иншоотҳо намунаи равшани сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба ҳифз ва эҳёи анъанаҳои миллӣ мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи ӯ, фароҳам овардани шароити муосир дар деҳот нишондиҳандаи таваҷҷуҳи доимии давлат ба рушди фарҳанг ва ғанӣ гардондани ҳаёти маънавии ҷомеа мебошад.

Роҳбарияти ноҳия ва вилоят низ ифтитоҳи марказро рӯйдоди муҳим арзёбӣ намуда, изҳори боварӣ карданд, ки он ба макони баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ табдил ёфта, дар ҷалби ҷавонон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ нақши муассир хоҳад гузошт.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: