Душанбе, 26 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Душанбе мавқеи худро ҳамчун маркази муҳими фарҳангӣ дар фазои пасошӯравӣ боз ҳам тақвият медиҳад. 24 декабри соли 2025 дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ёддошти тафоҳум оид ба баргузории Форуми VI ҷавонони театрии кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон ба имзо расид, ки яке аз муҳимтарин чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи театри муосир ба шумор меравад.

Санадро вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Амонзода Сатториён ва президенти Конфедератсияи байналмилалии иттиҳодияҳои театрӣ Карина Цатурова имзо карданд. Тибқи ин Ёддошт, тирамоҳи соли 2027 Форуми VI ҷавонони театрӣ бо иштироки фаъолонаи Вазорати фарҳанг дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.
Ин Форум, тибқи анъана, ба таҳкими робитаҳои эҷодии ҷавонони соҳаи театр дар кишварҳои ИДМ ва Гурҷистон равона шудааст. Душанбе барои чанд ҳафта ба маркази ҷалби коргардонҳо, драматургҳо, ҳунармандон, саҳнасозон ва мунаққидони театрии то 35-сола табдил меёбад. Барои Тоҷикистон чунин чорабинӣ на танҳо обрӯи фарҳангӣ, балки имконияти ҳамгироӣ ба шабакаи устувори ҳамкории байналмилалии театриро фароҳам меорад.
Аҳамияти Форум пеш аз ҳама бо ҳадафҳои он муайян мешавад: ҳифз ва рушди робитаҳои фарҳангӣ дар фазои пасошӯравӣ, ошкор ва муттаҳид сохтани чеҳраҳои ҷавони пешсафи театр, инчунин ҷустуҷӯи шаклҳои нави ҳамкории эҷодии байналмилалӣ. Форум натиҷаи як раванди тӯлонии ташкилӣ ва эҷодӣ хоҳад буд. Дар марҳилаҳои гуногун Шӯрои байналмилалии коршиносон беҳтарин намоишҳоро интихоб намуда, ҳамзамон озмунҳои асарҳои драматургҳои ҷавон ва корҳои саҳнасозони ҷавонро баргузор мекунад.
Барномаи фарогири омӯзишӣ низ пешбинӣ шудааст. Дар доираи лексияҳо, мастер-классҳо ва мулоқотҳо ҷавонони театрӣ бо равияҳо ва консепсияҳои нави рушди санъати театрӣ шинос шуда, бо устодони шинохтаи театри муосири Русия ва дигар кишварҳо муошират хоҳанд кард.
Форуми дарпешистода бо равишҳои нав фарқ мекунад. Ғолибони озмунҳо бо ҷоизаҳои рамзии «Чатрҳои тиллоӣ, нуқраӣ ва биринҷӣ» қадрдонӣ мегарданд. Намоиши ғолиби Озмуни-намоиши Форум, тибқи анъана, иштирокчии XIX Фестивали байналмилалии театрии ба номи А. П. Чехов мегардад, ки соли 2029 дар шаҳри Москва баргузор хоҳад шуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
