Душанбе, 26 декабр, 2025г. – АИ «Корвон Иттилоот». Кишварҳои Осиёи Марказӣ як қадами муҳими дигар ба сӯи ташаккули фазои ягонаи рақамӣ гузоштанд. Дар шаҳри Токио, дар ҳошияи Форуми тиҷоратии «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», IT Park Dushanbe (Тоҷикистон), IT Park Uzbekistan ва Astana Hub (Қазоқистон) созишномаи сеҷонибаи ҳамкориро ба имзо расониданд, ки заминаи ҳамгироии амиқтари минтақавиро дар соҳаи иқтисоди рақамӣ ва инноватсия фароҳам меорад.

Ин санад талоши кишварҳои минтақаро барои гузаштан аз ташаббусҳои ҷудогона ба ҳамкории низомманд дар бахши технологияҳои иттилоотӣ инъикос мекунад. Созишнома ба рушди экосистемаҳои муштараки рақамӣ, ҳамоҳангсозии равишҳо дар идоракунӣ ва рушди IT-паркҳо, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳамгироии инфрасохтор ва захираҳои инсонӣ дар Осиёи Марказӣ равона шудааст. Дар шароити рақобати шадиди ҷаҳонӣ маҳз чунин иттиҳодҳо имкон медиҳанд, ки минтақа мавқеи худро дар бозорҳои байналмилалӣ тақвият бахшад.
Дар доираи созишнома ба IT Park Dushanbe нақши махсус дода шудааст. Он ният дорад ҳамкории худро бо шарикони минтақавӣ фаъол гардонад ва барои резидентҳои худ имкониятҳои нав — аз мубодилаи таҷриба то татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва баромадан ба бозорҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ — фароҳам оварад. Барои муҳити IT-и Тоҷикистон ин ба маънои васеъ шудани уфуқҳо ва дастрасӣ ба экосистемаҳои рушдёфтаи минтақавӣ мебошад.
Ҷонибҳо инчунин оид ба ҳамкорӣ дар самти идоракунӣ ва рушди IT-паркҳо, дастгирии стартапҳо ва соҳибкории инноватсионӣ, инчунин ҷорӣ намудани қарорҳои рақамӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ ва киберамният ба мувофиқа расиданд. Ин бахшҳо имрӯз на танҳо муҳаррики рушди иқтисодӣ, балки унсурҳои муҳими амнияти рақамии давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Илова бар ин, ҳамкорӣ дар ҷалби сармоягузорӣ ва баргузории чорабиниҳои муштарак бо иштироки намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ пешбинӣ шудааст. Ин равиш имкон медиҳад манфиатҳои давлат ва бизнес ба ҳам наздик шуда, ҷараёни татбиқи инноватсияҳо суръат гирад.
Имзои созишнома дар Токио, дар доираи муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», рамзи боз будани минтақа ба ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Ҳамзамон, он аз ба камол расидани экосистемаҳои рақамии Осиёи Марказӣ шаҳодат медиҳад, ки ҳарчи бештар аз рақобати дохилӣ ба модели рушди муштарак ва ҳамдигартақвияткунанда мегузаранд.
АКС: IT Park Dushanbe
