Душанбе, 29 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». 26 декабри соли 2025 дар доираи татбиқи Нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳкиму тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мулоқоти намояндагони Кумита бо афсарону сарбозони қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ намояндагони Кумита ва ҳайати қисми ҳарбӣ ҳамчунин масъалаҳои муҳимми таълимӣ ва тарбиявӣ баррасӣ карданд. Зимни мулоқот доир ба тарбияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ, эҳтироми арзишҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон, инчунин нақши ҷавонон дар ҳифзи марзу буми кишвар ва таъмини амнияти давлатӣ сухан ронда шуд.
Иштирокчиён таваҷҷуҳ карданд, ки саҳми ҷавонон дар таъмини амнияту суботи ҷомеа на танҳо бо омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои ҳарбӣ, балки инчунин тавассути иштироки фаъол дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва тарбиявӣ ба амалиётҳои иҷтимоӣ ва хайриявӣ зоҳир мегардад. Ҳамчунин масъалаҳои муҳим дар самти иҷрои содиқонаи қарзи ҳарбӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, намояндагони Кумита ва сарбозон мубодилаи афкор намуда, маслиҳатҳои судманд оид ба омодагӣ ба хизмат, пешгирии ҳолатҳои фавқулодда ва ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти мудофиаи гражданӣ пешниҳод карданд. Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки чунин вохӯриҳо на танҳо ба таҳкими робита миёни ҷавонон ва мақомоти давлатӣ мусоидат мекунанд, балки ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар байни насли нав пайдо ва тақвият медиҳанд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
