Душанбе, 02 январ, 2026 – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон равандҳои муҳоҷиратҳои меҳнатӣ бо ҷорӣ намудани Системаи автоматии сабт ва мониторинг (ATS) ба марҳилаи рақамӣ ворид шуданд.

Созмони байналмилалии муҳоҷират (МОМ) дар арафаи солинавӣ тренинги махсус барои кормандони Агентии давлатии таъмини ҷойҳои кории хориҷӣ ва Марказҳои машваратӣ ва омодасозии муҳоҷирон пеш аз сафар баргузор намуд.
Дар омӯзиши амалӣ 20 мутахассис аз Душанбе ва вилоятҳо ширкат карданд.
Иштирокчиён малакаҳои кор бо системаеро омӯхтанд, ки ба таври назаррас сабти муҳоҷирони меҳнатиро осон мекунад, идораи маълумотро беҳтар месозад ва сифати хизматрасониҳоро баланд мебардорад. Дар давоми тренинг ҳолатҳои амалӣ оид ба коркарди маълумот, пайгирии дархостҳо ва назорати риояи меъёрҳои этикӣ омӯхта шуданд.
«Гузариш ба системаи рақамӣ қадами муҳиме дар роҳи баланд бардоштани сифати ва самаранокии хизматрасониҳое мебошад, ки ба муҳоҷирони меҳнатӣ пешниҳод мегарданд», — гуфт Гулнора Камолов, роҳбари Шӯъбаи рушди роҳҳои мобилӣ ва мусоидат ба фарогирӣ дар МОМ Тоҷикистон.
Системаи нав як қатор афзалиятҳоро таъмин мекунад: сабти осоншудаи муҳоҷирон, идораи беҳтари маълумот, шаффофияти равандҳои ҷалби кор ва риояи меъёрҳои этикӣ. Ҷорӣ намудани ATS имкон медиҳад, ки ҷараёни муҳоҷират дақиқ ва зудтар сабт шавад, хатоҳо кам гарданд ва коркарди ҳуҷҷатҳо суръат ёбад. Инчунин эътимоди шаҳрвандон ба хизматрасониҳои давлатӣ баланд меравад.

Ин навсозӣ қисми Барномаи муҳоҷиратҳои меҳнатӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки аз ҷониби Агентии Швейтсария оид ба рушд ва ҳамкорӣ (SDC) маблағгузорӣ мешавад. Барнома ба самаранок идора кардани муҳоҷират, ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирон ва мусоидат ба ҷалби масъулияти меҳнатӣ дар хориҷа равона шудааст.
Муттахассисон қайд мекунанд, ки рақамисозии равандҳои муҳоҷират асоси муҳоҷиратҳои меҳнатии шаффоф ва бехатарро фароҳам меорад ва инчунин ба татбиқи меъёрҳои байналмилалӣ дар системаи миллӣ мусоидат мекунад.
АКС: Созмони байналмилалии муҳоҷират (МОМ)
