Остона, 31 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Касим-Жомарт Токаев қонунро дар бораи манъи таблиғоти ЛГБТ имзо намуд. Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Акорда, ҳуҷҷате, ки маҳдудиятҳоро дар паҳн намудани чунин иттилоот дар фазои ҷамъиятӣ ва тавассути ВАО пешбинӣ мекунад, расман эътибор пайдо намуд.

Қонуне, ки сенат 18-уми декабри соли 2025 дар хониши дуюм қабул намуд, ба ҳифзи кӯдакон аз иттилооте, ки ба саломатӣ ва рушди онҳо зарар мерасонанд, нигаронида шудааст.
“Меъёрҳо ҷойгиркуниро дар фазои ҷамъиятӣ, инчунин бо истифода аз ВАО, шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва платформаҳои онлайнии иттилоот, ки таблиғи педофилия ва тамоюли ғайрианъанавии ҷинсиро паҳн мекунанд, маҳдуд мекунанд” гуфта мешавад дар хабар.
Дар ҷараёни муҳокимаи ислоҳот, вакилон таъкид намуданд, ки манъкунӣ танҳо ба мундариҷаи оммавӣ дахл дорад ва ҳаёти шахсии шаҳрвандонро маҳдуд намекунад.
Аксҳо: Акорда
