ВКХ-и Қазоқистон бо сафири Беларус дурнамои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуд
Остона, 31 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербаев Бо сафири Ҷумҳурии Беларус Алексей Богданов мулоқот намуд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаҳои сиесӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ баррасӣ намуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ ҶҚ.

Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар сатҳи олӣ ва баланд ба даст оварда шудаанд, диққати махсус дода шуд. Ҳамчунин оид ба масъалаҳои мубрами рӯзномаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
“Дар охири сӯҳбат омодагӣ ба идомаи ҳамкории созанда дар доираи чорабиниҳои оянда ва лоиҳаҳои муштарак изҳор намуда шуд”, – қайд намуданд дар вазорат.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
