Сарони ВКХ-и Қазоқистон ва Узбекистон таҳкими шарикии стратегиро баррасӣ намуданд – ИА Караван Инфо
Сарони ВКХ-и Қазоқистон ва Узбекистон таҳкими шарикии стратегиро баррасӣ намуданд

Остона, 31 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербоев бо ВКХ-и Узбекистон Бахтиёр Саидов сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Ҷонибҳо натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти ВКХ ҶҚ.

Ба татбиқи амалии созишномаҳое, ки дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба Тошканд дар моҳи ноябри соли 2025 ба даст оварда шудаанд, диққати махсус дода шуд.

“Ӯҳдадории мутақобила барои мусоидат ба густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ-логистикӣ, обу энергетика ва фарҳангию гуманитарӣ ифода ёфтааст”,-қайд намуданд вазорат.

Аксҳо: ВКХ ҶҚ

error: