Остона, 30 декабри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон ислоҳотро ба Кодекси “Дар бораи истифодаи зеризаминӣ ва дастрасӣ ба зеризаминӣ”-ро имзо намуд, ки ба ҷалби сармоягузорӣ ба иктишофи геологӣ ва бартараф намудани монеаҳои маъмурӣ равона шудааст. Қонун қоидаҳои навро барои истифодабарандагони зеризаминӣ ҷорӣ мекунад, хабар медиҳад Хадамоти матбуотии Вазорати Энергетикаи ҶҚ.

Навоварии асосӣ чорӣ намудани навъи махсуси шартномаи ҷустуҷӯ ва истихроҷ дар ҳудудҳои кам омухташуда буд. Акнун ширкатҳое, ки аз ҳисоби худ тадқиқоти геологӣ мегузаронанд, ҳуқуқи афзалиятноки кафолатнокро барои истифодаи минбаъдаи сарватҳои зеризаминӣ мегиранд.
Конун амалҳои истеҳсолиро низ осон мекунад: истифодабарандагони сарватхои зеризаминӣ дар доираи шартномахои мавчуда бе тағйир додани сархади мавзеъ дар руи замин дар чуқурии камтар аз 5000 метр кофтукови иловагӣ гузаронида метавонанд. Барои рушди рақобат маҳдудияти мӯҳлати захираи қитъаҳо аз ҷониби ширкатҳои миллӣ муқаррар намуда шудааст, ки ин интиқоли қаламравҳоро ба сармоягузорони воқеӣ суръат мебахшад. Мӯҳлати фаъолияти комиссияи Давлатии захираҳои углевлеводородҳо то соли 2030 тамдид намуда шуд.
Интизор меравад, ки меъёрҳои нав фазои сармоягузориро беҳтар мекунанд ва барои ворид шудани сармоя ба бахши истихроҷ ҳавасмандӣ эҷод менамояд.
Аксҳо: Вазорати Энергетикаи ҶҚ
