Сардорони ВКХ-и Қазоқистон ва Қирғизистон натиҷаҳои солро тавассути телефон баррасӣ намуданд
Остона, 01 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири корҳои хориҷии ҶҚ Ермек Кошербоев бо ВКХ Қирғизистон Ҷеэнбек Кулубаев сӯҳбати телефонӣ анҷом дод.

Онҳо натиҷаҳои соли гузаштаро ҷамъбаст намуда, дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ намуданд.
Ба натиҷаҳои сафари расмии президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба Бишкек ва созишномаҳои дар сатҳи олӣ бадастомада диққати махсус дода шуд.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими муколамаи сиёсӣ ва густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ тасдиқ намуданд.
Аксҳо: ВКХ ҶҚ
