Душанбе, 09 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Хоҷагии давлатии ҷангали ноҳияи Данғара корҳои барқарорсозии ниҳолҳои хушкшудаи писта дар масоҳати 44 гектар ба анҷом расиданд. Ин тадбирҳо аз ҷониби кормандони хоҷагии ҷангал дар доираи иҷрои бандҳои «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» амалӣ гардидаанд. Дар ин бора Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Мувофиқи маълумоти манбаъ, масоҳати умумии пистазорҳо дар Тоҷикистон зиёда аз 81 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Барнома на танҳо ба ҳифзи ин захираҳо, балки ба барқарорсозӣ ва афзоиши масоҳати ҷангалҳо, таъсиси қитъаҳои доимии тухмипарварӣ ва плантациҳои махсуси истеҳсолӣ равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022 «Барномаи рушди соҳаи ҷангал барои солҳои 2022–2026» ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи он тасдиқ гардидаанд. Ин санад посух ба маҷмӯи мушкилот — аз тағйирёбии иқлим то зарурати таҳкими амнияти экологӣ ва озуқаворӣ мебошад.
Ҳадафи асосии барнома ҳифзи гуногунии биологӣ, барқарорсозӣ ва афзоиши масоҳати ҷангалҳо ва ҳаҷми маҳсулот, беҳтар намудани сифат ва миқдори хизматрасониҳои экосистемавӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Ҷанбаи иҷтимоиву иқтисодӣ низ аҳамияти махсус дорад — мусоидат ба рушди иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ тавассути ҷалби онҳо ба фаъолияти ҷангалдорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ҷангал ва рушди содирот.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки ҷангал на танҳо захираи табиӣ, балки омили стратегии рушди кишвар аст. Он ба коҳиш додани паёмадҳои гармшавии глобалӣ, нигоҳдорӣ ва кам кардани партобҳои газҳои гулхонаӣ, сабзу хуррамгардонӣ ва ободонии кишвар, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ, махсусан дар деҳот, мусоидат мекунад.
Дар доираи татбиқи барнома корҳои илмӣ низ ба таври фаъол анҷом дода мешаванд. Олимони тоҷик корҳои селексионӣ ва ноҳиябандии навъҳои нави писта мебаранд, то сифати маҳсулот ба талаботи бозори дохилӣ мутобиқ гардад. Айни замон зиёда аз ҳашт навъи писта дар ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Хуросон, Ваҳдат ва Варзоб парвариш карда мешавад, ва масоҳати кишт пайваста меафзояд.

Натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нишон медиҳанд, ки навъҳои пистаи Тоҷикистон аз лиҳози сифат аз навъҳои парваришшаванда дар Эрон, Туркия, Сурия ва ИМА (Калифорния) камӣ надоранд. Шароити мусоиди табиӣ ва иқлимии кишвар имкон медиҳад, ки на танҳо талаботи дохилӣ ба ниҳол ва тухмии навъҳои арзишманд қонеъ карда шавад, балки онҳо барои фурӯш ба хориҷи кишвар низ содир карда шаванд. Тухмии навъҳои серҳосили тоҷикӣ аллакай дар кишварҳои ҳамсоя талаботи зиёд дорад.
Ба андешаи олимон, ҷорӣ намудани васеи навъҳо ва шаклҳои умедбахши писта имкон медиҳад, ки дар солҳои наздик ҳосилнокӣ то 8–10 сентнер аз як гектар расонида шавад, ки пистапарвариро ба яке аз самтҳои ояндадори соҳаи аграрӣ-ҷангал табдил медиҳад.
Бо ин тартиб, барқарорсозии пистазорҳо дар ноҳияи Данғара як иқдоми ҷудогона набуда, балки ҷузъи сиёсати муназзами давлатӣ мебошад, ки экология, илм ва иқтисодро дар роҳи рушди устувор муттаҳид месозад.
Акс: https://khabarikhush.tj
