Душанбе, 12 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти густурдаи кадрӣ анҷом дода, самтҳои асосии таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти миллиро муайян намуд.

9 январ Сарвари давлат бо кадрҳое, ки барои таъйин ба вазифаҳои роҳбарикунанда дар дастгоҳи марказии ВКД ва воҳидҳои сохтории он дар як қатор шаҳру ноҳияҳои кишвар пешниҳод шуда буданд, суҳбат анҷом дод.
Тағйироти кадрӣ бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардид.
Тағйироти кадрӣ вазифаҳои калидиро фаро гирифт. Аз ҷумла, муовини вазири корҳои дохилӣ, роҳбари дастгоҳи вазир, сардорони раёсати амнияти дохилӣ, раёсати мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, воҳидҳои таъиноти махсус, қисми минтақавии раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон (гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб) таъйин гардиданд.
Ҳамчунин роҳбарони шуъбаҳои ВКД дар шаҳрҳо ва ноҳияҳои Кӯлоб, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор, Ховалинг, Темурмалик, Ҷалолиддини Балхӣ, Ваҳдат, Рӯдакӣ, Файзобод, Хуҷанд, Ҷаббор Расулов, Бӯстон, Зафаробод, Ашт, Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Роштқалъа, инчунин ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иваз гардиданд. Таъйинот ба шуъбаҳои ВКД дар нақлиёт — дар фурудгоҳи Душанбе, нақлиёти роҳи оҳан ва вилояти Суғд низ дахл дошт.
Ба вазифаҳои роҳбарикунанда кадрҳои ҷавон ва ҳамзамон соҳибтаҷриба таъйин шуданд, ки ин сиёсати навсозии низомро бо ҳифзи таҷрибаи касбӣ инъикос мекунад.
Зимни суҳбат бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ Президенти кишвар онҳоро ба хизмати содиқона ва беолоиш, риояи қатъии қонун, оинномаҳои соҳавӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ ҳидоят намуд.
Таваҷҷуҳи махсус ба муборизаи ҷиддӣ ва поквиҷдонона бар зидди ҷинояткорӣ, хусусан ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз ҷумла навъҳои нави синтетикӣ равона карда шуд. Ҳамзамон тарбияи босифати кадрҳои ҷавони соҳа ҳамчун самти муҳим таъкид гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар ҳамаи ҳолатҳо манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон, таҳкими суботу амнияти кишвар ва таъмини зиндагии осоиштаи аҳолӣ бояд дар мақоми аввал қарор дошта бошанд.
Тағйироти кадрии анҷомёфта аз муносибати стратегӣ ба рушди низоми мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун ниҳоди калидии таъмини субот, қонуният ва амнияти ҷамъиятӣ шаҳодат медиҳад.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
