Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Моҳи ноябри соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор мешавад, ки яке аз рӯйдодҳои муҳими фарҳангӣ дар самти ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ба шумор меравад. Дар ин бора Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ додааст.

Ин озмун тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ шудааст, баргузор мегардад ва ҷузъи муҳими сиёсати давлатии ҳифзи мероси ғайримоддии миллӣ маҳсуб меёбад.
Мақсадҳои озмун танҳо ба рақобат маҳдуд намешаванд. Он пеш аз ҳама ба таҳкими ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва тарғиби либосҳои миллӣ равона гардидааст. Ҳамзамон, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, мерос гузоштани ҳунарҳои аҷдодӣ ба насли оянда ва муаррифии ҳунари волои халқи тоҷик аз ҳадафҳои асосии ин ташаббус мебошанд.
Рушди ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иртиботи зич дорад. Дар ин замина солҳои гуногун иқдомҳои муҳими давлатӣ амалӣ гардиданд.
Аз ҷумла, соли 2018 — Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019–2021 — Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ва солҳои 2022–2026 — Солҳои рушди саноат эълон шуданд. Қабули Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2025 ва аз пардохти андоз озод намудани маҳсулоти дар шароити хона истеҳсолшуда низ ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Татбиқи пайвастаи қонунҳо ва барномаҳои давлатӣ боис гардид, ки шумораи ҳунармандон ва косибон дар мамлакат сол ба сол афзоиш ёбад, ҷойҳои нави корӣ, бахусус дар деҳот, таъсис дода шаванд ва ҳунарҳои миллӣ мавқеи устувор пайдо намоянд.
Дар ин замина, Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» на танҳо як чорабинии фарҳангӣ, балки платформаи муҳими рушди истеъдодҳо, пайванди анъана бо замони муосир ва омили муҳими рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар маҳсуб мешавад.
АКС: osorkhonaimilliidip.tj
