Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шанбеи дуюми моҳи апрел дар Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин кадбону» баргузор мешавад — яке аз муҳимтарин чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатии сол, ки ба ҳифз ва эҳёи анъанаҳои миллӣ ва таҳкими нақши зан дар ҷомеа равона шудааст.

Озмун тибқи «Нақшаи баргузории ҷашнҳо, фестивалҳо ва намоишгоҳҳо, идҳо ва озмунҳои дорои хусусияти фарҳангиву маърифатӣ, инчунин анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026», ки бо Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2026 тасдиқ гардидааст, доир мегардад.
Ин иқдом дар заминаи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амалӣ мешавад ва ҳадафи он эҳёи васеи таомҳои азбайнрафтаи миллӣ, инчунин тарғиби маҳорати баланди ошпазӣ ва завқи зебоии занону духтарони тоҷик мебошад. Таомҳои миллӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ҳувияти фарҳангӣ дар маркази таваҷҷуҳи озмун қарор доранд.
Озмун дар чанд марҳила баргузор мегардад. Марҳилаи аввал дар шаҳрҳо ва ноҳияҳо баргузор шуда, беҳтарин кадбонуҳо дар сатҳи маҳаллаҳо, деҳаҳо, шаҳракҳо, ҷамоатҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо муайян карда мешаванд. Марҳилаи дуюм дар сатҳи вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳрҳою ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ аз моҳи феврал то март доир мегардад. Марҳилаи ниҳоии ҷумҳуриявӣ бошад, дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, ғолибони ду марҳилаи қаблӣ ва кадбонуҳову ҳунармандон баргузор хоҳад шуд.
Соли ҷорӣ озмун бори ҳаштум аст, ки бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои марбута баргузор мегардад. Дар тӯли солҳои баргузорӣ, «Беҳтарин кадбону» ба як минбари устувор барои интиқоли донишҳои фарҳангӣ, рушди таомҳои миллӣ ва баланд бардоштани завқи зебоишиносӣ табдил ёфтааст.
Ҳадафҳои асосии озмун танҳо ба маҳорати пухтупаз маҳдуд намешаванд. Он ба ҷалби кадбонуҳо, занони соҳибистеъдод ва ҳунармандон, эҳёи таомҳои миллӣ ва маҳаллӣ, рушди пухтупази миллӣ дар тарабхонаҳо ва ошхонаҳо, омода сохтани духтарон ба зиндагии мустақилона, инчунин баланд бардоштани фарҳанги пешбурди хоҷагии хона ва зебоии ороиши дастархони идона равона шудааст.
Ёдовар мешавем, ки соли 2025 озмун аз рӯи шаш номинатсия баргузор гардида буд, аз ҷумла «Беҳтарин ороиши дастархон», «Эҳёи таомҳои азбайнрафтаи миллӣ», «Пухтани курутоб», «Пухтани рубич», «Пухтани салати миллӣ» ва «Пухтани шириниҳои миллии хамирӣ», ки аз рӯи натиҷаҳои он ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Бо ин ҳама, озмуни «Беҳтарин кадбону» на танҳо ҷашни таомҳои миллӣ, балки василаи муҳими ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангӣ, таҳкими арзишҳои оилавӣ ва баланд бардоштани фаъолнокии иҷтимоии занон дар Тоҷикистон маҳсуб меёбад.
Акс: НИАТ «Ховар»
