Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дар Ҷумҳурии Корея дар доираи низоми давлатии Employment Permit System (EPS) даъват мегарданд, ки яке аз шаклҳои шаффоф ва ҳифзшудаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Дар бораи оғози бақайдгирии довталабон Агентии бо шуғли аҳолӣ дар хориҷаи кишвар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Қабули довталабон барои иштирок дар имтиҳони EPS TOPIK сурат мегирад, ки супоридани муваффақонаи он шарти ҳатмии ба кори расмӣ ҷалб шудан дар Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Ин низом фаъолияти миёнаравонро истисно намуда, имкони шуғли қонунӣ ва бидуни хароҷоти иловагиро фароҳам меорад.
Ба иттилои Агентӣ, дар барнома шаҳрвандони Тоҷикистон аз 18 то 38-сола, ки доғи судӣ надоранд ва қаблан аз Ҷумҳурии Корея ихроҷ нашудаанд, метавонанд иштирок намоянд. Яке аз талаботи асосӣ донистани забони кореягӣ дар сатҳи муқаррарнамудаи низоми EPS TOPIK мебошад.
Ҳамзамон, барои он шаҳрвандоне, ки нияти муҳоҷирати меҳнатӣ доранд, вале ҳанӯз забони кореягиро намедонанд, тавсияҳо дода шуда, дар самти омӯзиш ва омодагӣ кумак расонида мешавад. Ин тадбирҳо имкони муваффақона супоридани имтиҳонро зиёд мегардонанд.
Қадами муҳими дигар дар рушди ин барнома ифтитоҳи маркази омӯзиши забони кореягии Titan Training Center дар шаҳри Душанбе дар моҳи декабри соли 2025 мебошад. Дар ин марказ шаҳрвандони Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои рақамӣ ва унсурҳои зеҳни сунъӣ ба омӯзиши забон ва омодагӣ ба имтиҳони EPS TOPIK ҷалб карда мешаванд.
Ба гуфтаи мутахассисон, ба чунин натиҷаҳо дар муҳлати кӯтоҳ ноил шудан нишонаи муносибати низомманд ба омодасозии муҳоҷирони меҳнатӣ ва ҷорӣ гардидани стандартҳои нав дар сиёсати кадрӣ мебошад.
Солҳои охир Ҷумҳурии Корея ба ҷалби неруи кори хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон, таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд. Барномаи давлатии EPS имконият медиҳад, ки шаҳрвандони хориҷӣ ба таври расмӣ, бехатар ва дарозмуддат ба кор ҷалб гарданд.
Пас аз супоридани муваффақонаи имтиҳонҳо, довталабон аз марҳилаи интихоб мегузаранд ва корфармоёни кореягӣ кормандонро тавассути низоми давлатии электронӣ интихоб мекунанд. Бо номзадҳои интихобшуда шартномаи меҳнатӣ баста шуда, раводиди кории E-9 бо муҳлати то панҷ сол дода мешавад.
Тоҷикистон соли 2025 ба барномаи EPS ҳамроҳ гардид ва аллакай дар соли аввали иштирок даҳҳо нафар шаҳрвандони кишвар имтиҳонҳоро бо муваффақият супорида, ба кор дар Кореяи Ҷанубӣ сафар карданд. Коршиносон бар он назаранд, ки ин шакли ҳамкорӣ имкониятҳои навро барои муҳоҷирати меҳнатии қонунӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва таҳкими ҳамкории байналмилалӣ фароҳам меорад.
Бо ин роҳ, низоми EPS на танҳо воситаи шуғли аҳолӣ, балки унсури муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва рушди захираҳои инсонӣ ба шумор меравад.
АКС: Азия Плюс
