Самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ: ширкатҳои Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунанд – ИА Караван Инфо
Самтҳои нави муҳоҷирати меҳнатӣ: ширкатҳои Қатар шаҳрвандони Тоҷикистонро ба кор даъват мекунанд

Душанбе, 13 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Ширкатҳои Давлати Қатар ҷалби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои шуғли расмӣ эълон намуданд. Дар ин бора Агентии бо шуғли аҳолӣ дар хориҷи кишвар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.

Аз ҷумла, сухан дар бораи ҷойҳои корӣ дар ширкати «Jusur» ва як қатор дигар корфармоёни Қатар меравад. Интихоби довталабон дар шакли мусоҳибаи ҳузурӣ сурат мегирад.

Мусоҳиба бо довталабон 15 январ, соати 11:00 дар бинои Агентии бо шуғли аҳолӣ дар хориҷи кишвар бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ, хонаи 80 баргузор мегардад.

Ба иттилои Агентӣ, ба шаҳрвандон ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои гуногун — ҳам дар бахши хизматрасонӣ ва меҳмондорӣ ва ҳам дар ихтисосҳои коргарӣ пешниҳод мешаванд.

Дар феҳристи ҷойҳои холӣ ин ихтисосҳо зикр шудаанд:

  • пешхизматон ва ошпазон;
  • ронандагони таксӣ ва автобус;
  • дуредгарон ва кафшергарон;
  • механикон ва электрикҳо;
  • инчунин дигар касбҳои коргарӣ.

Корфармо барои кормандон манзили зист, ғизо, нақлиёт, суғуртаи тиббӣ ва рухсатии музднок таъмин менамояд. Ҳаҷми музди меҳнат вобаста ба касб, тахассус ва шартҳои шартномаи меҳнатӣ муайян карда мешавад.

Қаблан бархе ширкатҳои Қатар ба шаҳрвандони Тоҷикистон музди меҳнатро дар ҳаҷми аз 550 то 900 доллари ИМА дар як моҳ пешниҳод намуда буданд, ки ин самти муҳоҷирати меҳнатиро ҷолиб мегардонад.

Барои иштирок дар интихоб чунин шартҳо пешбинӣ шудаанд:

  • синну сол — аз 21 то 45 сола;
  • донистани забони англисӣ (вобаста ба вазифа);
  • доштани шаҳодатномаи ронандагӣ — барои ихтисосҳои нақлиётӣ;
  • надоштани доғи судӣ;
  • бақайдгирӣ дар платформаи tawzeef.qa.

Тавре дар Агентӣ таъкид мекунанд, шуғли шаҳрвандон дар шакли расмӣ ба роҳ монда шуда, ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар ва коҳиши хавфҳои шуғли ғайриқонунӣ таъмин мегардад.

АКС: АМИТ «ХОВАР»

error: