Душанбе, 14 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». 10 январи соли 2026 вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни рушди инфрасохтор, фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ҷалби сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок ба минтақаи озоди иқтисодии “Панҷ” сафари корӣ анҷом дод.

Сафари мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати тақвияти рушди иқтисоди миллӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ сурат гирифт.
Дар рафти сафар Абдураҳмонзода А. С. оид ба шароити фароҳамгардида барои фаъолияти сармоягузорони ватанию хориҷӣ ва ҷараёни истеҳсолот аз наздик шинос гардид.
Дар МОИ “Панҷ” 18 ширкатҳои ватанию хориҷӣ ҳамчун субъект ба қайд гирифта шуда, ҳаҷми сармоягузорӣ то ин давра ба минтақа наздик ба 76 миллион сомонӣ баробар гардидааст. Инчунин ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2025 ба 17 миллион сомонӣ расида, дар он 64 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Абдураҳмонзода А. С. бо кормандони маъмурият, соҳибкорон ва сармоягузорон мулоқот намуда, масъалаҳои марбут ба истифодаи имтиёзҳои андозию гумрукӣ, содагардонии расмиёти маъмурӣ ва ҷалби сармояи мустақим мавриди муҳокима қарор гирифт.
Қайд гардид, ки минтақаҳои озоди иқтисодӣ яке аз воситаҳои муҳими рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ворид намудани технологияҳои муосир ва ба афзоиши истеҳсолоти рақобатпазир мусоидат менамоянд. Инчунин таъкид гардид, ки мавқеи ҷуғрофии минтақа барои рушди тиҷорати фаромарзӣ, логистика ва истеҳсолоти саноатӣ имконияти мусоид фароҳам меорад.
Дар анҷоми сафар ба роҳбарият ва кормандони маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти мавҷуда, тақвияти корҳои таблиғотӣ, муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
