Нетаняҳу ба Токаев барои пайвастшавӣ ба Созишномаҳои Иброҳим ташаккур гуфт
Остона, 12 январи соли 2026 АИ «Караван инфо». Сарвазири Исроил Бинемин Нетаняҳу ба Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев барои пайвастшавии кишвар ба Созишномаҳои Иброҳим ташаккур гуфт. Дар ин бора дар Акорда баъди сӯҳбати телефонии роҳбарон хабар доданд.

Нетаняҳу қарори Қазоқистонро ҷасуру дурандеш номид. Ин иқдом барои таҳкими сулҳ ва муколамаи байналмилалӣ муҳим аст, гуфт ӯ.
Ҷонибҳо рӯҳияи амиқ кардани ҳамкориро тасдиқ карданд ва ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои фаъол, аз ҷумла омодасозии сафарҳои сатҳи олиро нигоҳ доранд.
Аксҳо: Акорда
