ОСТОНА, 16 январ АИ «Караван Инфо». Соли 2026 Қазоқистон барномаи васеи рушди авиатсияи шаҳрвандиро амалӣ мекунад, ки ба таҳкими иқтидори транзитӣ ва баланд бардоштани дастрасии парвозҳо равона шудааст. Дар ин бора раиси Кумитаи авиатсияи граждании ҶҚ Салтанат Томпиева ба АИ “Караван Инфо” хабар медиҳад.

Дар калонтарин нуқтаҳои ҳавопаймоии кишвар сохтмони хатҳои дуюми парвоз ва фуруд дар Остона ва Шимкент, навсозии терминали парвозҳои дохилӣ ба Алмаато ва таъмири асосии перрони фурудгоҳи Актау ба нақша гирифта шудааст. Дар минтақаҳо терминали нав дар Атирау пайдо мешавад, аэродроми Павлодар таҷдид намуда мешавад, сохтмони фурудгоҳҳо дар минтақаҳои курортӣ Катон-Карагай, Зайсан ва Кендерли ба анҷом мерасад ва инчунин фурудгоҳи Аркалик барқарор намуда мешавад.
Системаҳои нигоҳдорӣ ва пур намудани сӯзишвории ҳавопаймоии Jet A-1 иловатан навсозӣ намуда мешаванд. Ширкатҳои ҳавопаймоӣ ният доранд, ки нӯҳ ҳавопаймои нав харидорӣ кунанд ва паркро то 118 адад ҳавопаймо зиёд кунанд. Барои дастгирии минтақаҳо субсидияи 23 хатсайри аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим идома меёбад.
Шабакаи хатсайрҳо тавассути парвозҳои нав ва барқароршуда ба Кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ, Ховари Миёна, Аврупо ва Осиё, аз ҷумла самтҳо ба Вена, Токио, Рим, Абу-Даби, Варшава ва шаҳрҳои Чин васеъ намуда мешавад. Дар баробари ин, рақамикунонӣ, тайёр намудани кадрҳо ва Нақшаи асосии авиатсия то соли 2050 дар якҷоягӣ бо ИКАО таҳия намуда мешавад.
Аксҳо: Фурудгоҳи Байналмилалии Остона
