Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Корхонаи муштараки «Зарафшон» имрӯз мавқеи стратегиро дар низоми истеҳсолии шаҳри Панҷакент ва дар маҷмӯъ вилояти Суғд ишғол намуда, ба яке аз омилҳои асосии татбиқи сиёсати давлатии саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Нақши ин корхона дар рушди минтақа зимни мулоқоти Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо Директори генералии ҶДММ КД «Зарафшон» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҷонибҳо масъалаҳои амалисозии сиёсати саноатии Ҳукумати мамлакат, нишондиҳандаҳои истеҳсолӣ, саҳми корхона дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноатии Панҷакент ва рушди иҷтимоию иқтисодии вилоятро муҳокима намуданд.
Раиси вилояти Суғд таъкид кард, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ рушди саноатро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ пайваста таъкид менамоянд. Дар ҳамин замина фаъолияти самараноки корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла КД «Зарафшон», иҷрои амалии ҳадафҳои стратегии давлат ба ҳисоб меравад.
Зикр шуд, ки КД «Зарафшон» яке аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилояти Суғд мебошад. Ба шарофати дастгирии пайвастаи давлатӣ ва фаъолияти ҳамоҳангшудаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ нишондиҳандаҳои истеҳсолии он сол ба сол бо суръати устувор рушд мекунанд.
Таъкид гардид, ки роҳбарияти корхона бо истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ, роҳандозии намудҳои нави маҳсулот ва афзоиши ҳаҷми истеҳсол фаъолияташро мутобиқ ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат ба роҳ монда, дар татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзанда мегузорад.
Дар навбати худ роҳбарияти КД «Зарафшон» барои дастгирии доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд изҳори сипос намуда, омодагии худро ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо бо нишондиҳандаҳои болотар аз нақша ва тақвияти рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъкид кард.
АКС: Хадмоти матбуоти Раиси вилояти Суғд
