Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот».13 январ дар шаҳри Берлин машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор гардиданд, ки идомаи муколамаи устувори дуҷониба ва тамоюли таҳкими минбаъдаи онро бозгӯ менамояд.

Ҳайатҳои ҷонибҳоро муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Ҳамрализода ва Ваколатдори Вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ Никлас Вагнер роҳбарӣ намуданд. Зимни мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Олмон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифт.
Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва энергетика равона гардид. Ҳамзамон, нақши илм, маориф ва фарҳанг ҳамчун пояи ҳамкории дарозмуддат махсус таъкид шуд.
Ҷонибҳо инчунин доир ба масъалаҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла ҳамкории ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, табодули назар анҷом доданд. Мавзӯъҳои захираҳои об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ҷойгоҳи хосса дошта, ҳамчун самтҳои муҳими ҳамкории оянда арзёбӣ гардиданд.
Дар анҷоми машваратҳо ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи ҳамкории мутақобилан судманд дар самтҳои афзалиятнок таъкид намуда, аҳамияти идомаи муколамаи сиёсиро ҳамчун абзори ҳамоҳангсозии мавқеъҳо муҳим арзёбӣ карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
