Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон барои коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва пешгирии биёбоншавии заминҳо тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ мегарданд. Яке аз чунин иқдомҳо бунёди саксавулзорҳо дар минтақаҳои осебпазир мебошад.

Тибқи иттилои Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал», дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон саксавул дар зиёда аз 250 гектар ва дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд дар 70 гектар шинонида шудааст. Нақша аст, ки то соли 2027 масоҳати саксавулзорҳо дар ноҳияи Ашт ба беш аз 350 гектар расонда шавад.
Зарурати ин тадбирҳо бо равандҳои нигаронкунандаи ҷаҳонӣ вобаста аст. Ҳар сол дар ҷаҳон зиёда аз 12 миллион гектар заминҳои ҳосилхез таназзул меёбанд ва то соли 2050 хушксолӣ метавонад аксари кишварҳоро фаро гирад. Эрозияи хок, шӯршавӣ, таназзули чарогоҳҳо, сел ва таъсири инсон сабабҳои асосии биёбоншавӣ маҳсуб мешаванд.
Саксавул ҳамчун садди табиӣ регзорҳоро мустаҳкам намуда, аз паҳншавии чангу ғубор ҷилавгирӣ мекунад ва заминҳои кишоварзӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро муҳофизат менамояд. Ба гуфтаи директори пажӯҳишгоҳ Нуралӣ Ҳусейнов, ин растанӣ ба нигоҳдории экосистемаҳо, беҳтар шудани сифати хок ва фароҳам овардани шароити мусоид барои наботот ва ҳайвонот мусоидат мекунад.
Саксавул растании биёбонӣ буда, ба гармии шадид, хушксолӣ ва шӯразамин тобовар аст. Илова бар аҳамияти экологӣ, он барои чорвои маҳаллӣ манбаи иловагии хӯрок буда, чӯби он ҳамчун сӯзишвории серкалория истифода мешавад.
Бунёди саксавулзорҳо дар Тоҷикистон иқдоми муҳим дар роҳи ҳифзи муҳити зист, таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувори минтақаҳо ба шумор меравад.
Ниҳолхонаи «Айводж» дар ноҳияи Шаҳритус барои парвариши ниҳолҳои саксавул
