Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Федератсияи байналмилалии шоҳмот (FIDE) раддабандии нави ҷаҳонии шоҳмотбозонро нашр кард, ки дар он мавқеи намояндагони Тоҷикистон низ навсозӣ шудааст. Айни ҳол пешсафи тими миллии кишвар Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев мебошад, ки бо 2407 имтиёз дар зинаи аввал қарор дорад. Дар маҷмӯъ, дар рӯйхати ФИДЕ тақрибан 60 шоҳмотбози тоҷик шомиланд.

Зинаи дуюмро Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бо 2377 хол ишғол мекунад, дар ҷои сеюм Илҳомӣ Ҷалолиддин бо 2353 хол қарор дорад. Меҳриддин Шарифов (2259) дар ҷои чаҳорум ва Алишер Каримов (2251) панҷгонаи беҳтаринҳоро ҷамъбаст мекунанд.
Қобили зикр аст, ки пештар роҳбари доимии ин рӯйхат гроссмейстери маъруф Фаррух Амонатов буд, аммо ӯ бинобар қатъи иштироки фаъол дар мусобиқаҳо ва тамаркуз ба фаъолияти мураббигӣ аз раддабандии бозигарони фаъол хориҷ шудааст.
Дар миёни занон беҳтарин натиҷаро Надежда Антонова бо 1993 хол нишон дод. Рухшона Саидова (1944) дар ҷои дуюм ва Хотамӣ Мутриба (1878) дар зинаи сеюм қарор доранд. Саодат Одинаева (1874) чаҳорум ва Сабрина Аброорова (1853) панҷум мебошанд.
ФИДЕ раддабандиро бар асоси натиҷаҳои баромади шоҳмотбозон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ таҳия намуда, аз нишондиҳандаҳои инфиродӣ нишондиҳандаи умумии федератсияҳоро ҳисоб мекунад.
Дар раддабандии даставии мардон тими миллии Тоҷикистон бо миёнаи 2239 хол дар ҷои 88-ум қарор гирифт (пештар — 92-юм). Пешсафони ҷаҳон дастаҳои ИМА (2727), Ҳиндустон (2712) ва Чин (2653) мебошанд.
Дастаи занонаи Тоҷикистон бо 1811 хол дар ҷои 92-юм қарор дорад, ки нисбат ба мавқеи қаблӣ (105-ум) беҳбуд ёфтааст.
Дар раддабандии дастаҳои омехта (mix) Тоҷикистон бо 2025 хол дар зинаи 88-ум ҷойгир шудааст. Се ҷойи аввалро Чин, Ҳиндустон ва ИМА ишғол мекунанд.
АКС: Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон. Мустафохуджа Хусейнходжаев
