Душанбе, 15 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон ислоҳоти густурдаи низоми иҷозатномадиҳӣ ба анҷом расид, ки ҳадафи он коҳиш додани монеаҳои маъмурӣ ва фароҳам овардани муҳити мусоиди соҳибкорӣ мебошад. Тағйироти анҷомшуда ба механизмҳои калидии танзими фаъолияти соҳибкорӣ таъсир расонда, яке аз қадамҳои намоёни давлат дар самти беҳтарсозии фазои сармоягузорӣ арзёбӣ мегардад.

Тибқи иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи ислоҳот 44 намуди ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ ва 43 зеркатегорияи фаъолият бекор карда шуданд. Дар натиҷа, шумораи умумии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқа аз 208 то 164 коҳиш ёфт. Ҳамзамон, теъдоди мақомоти давлатӣ, ки ваколати додани иҷозатномаро доранд, аз 33 ба 30 кам карда шуд.
Ислоҳот се гурӯҳи асосии абзорҳои танзимиро фаро гирифт. Аз ҷумла, шумораи иҷозатномаҳои амалкунанда аз 78 то 68, ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ аз 71 то 56 ва санадҳои тасдиқ ва мувофиқа аз 56 то 37 коҳиш дода шуданд. Ин тадбирҳо ба соддасозии расмиёти фаъолияти соҳибкорон ва боло бурдани ҷаззобияти кишвар барои сармоягузорон равона гардидаанд.
Асоси ҳуқуқии ислоҳотро тағйиру иловаҳо ба қонунгузорӣ дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ ташкил медиҳанд, ки 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида, 23 декабри ҳамон сол мавриди амал қарор гирифтанд. Таъкид мешавад, ки ин ислоҳот бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва бо дарназардошти таҷрибаи байналмилалӣ амалӣ мегардад.
Қаблан, дар марҳилаи аввали ислоҳот, пас аз қабули таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» дар соли 2023, шумораи ҳуҷҷатҳои иҷозатномавӣ 72 воҳид — аз 280 то 208 коҳиш ёфта буд, ки 25 фоизро ташкил медод.
Коршиносон бар он назаранд, ки чунин тадбирҳо на танҳо рӯйхати ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешбурди соҳибкорӣ коҳиш медиҳанд, балки асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳои ғайринақшавиро аз ҷониби мақомоти давлатӣ низ маҳдуд месозанд. Дар маҷмӯъ, ин равандҳо сарбории маъмуриро кам карда, сатҳи шаффофият ва пешгӯишавандагии танзимро боло мебаранд ва барои рушди устувори соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меоранд.
Акс: бо зеҳни сунъӣ тавлид шудааст
