Остона, 15 январи соли 2026 АИ «Караван Инфо». Қазоқистон дар соли 2025 аз ҳисоби ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф 874 миллион метри мукааб обро сарфа намуд. Дар ин бора вазири захираҳои об Нурҷон Нурҷигитов дар ҷаласаи татбиқи Консепсияи рушд то соли 2030 изҳор дошт.

Нақшаи сарфакорӣ 120% иҷро шуд. Инчунин, 678 км каналҳо барои кам намудани талафоти интиқоли об таҷдид намуда шуданд. 763 мутахассиси соҳаи об аз такмили ихтисос гузаштанд.
“Консепсия тавсияи амал нест, балки як ҳуҷҷати стратегӣ аст, ки ҳадафҳои он бояд пурра иҷро намуда шаванд”, – таъкид намуд вазир.
Консепсияи рушди системаи идоракунии захираҳои об то соли 2030 соли 2023 тасдиқ намуда шуд. Ҳадафҳои асосии он кам намудани талафоти об 25%, ҷорӣ намудани технологияҳои сарфаи об 1,5 миллион гектар ва таъмини рақамикунонии соҳа мебошанд. Дар соли 2024 сарфаи об тақрибан 650 миллион метри мукаабро ташкил дод.
Аксҳо: сомонаи Расмии Сарвазири Қазоқистон
