Евразия дар роҳҳои оянда: Бонки рушди Евразия (ЕАБР) харитаи ҳамгироии нақлиётии қитъаро муаррифӣ намуд – ИА Караван Инфо
Евразия дар роҳҳои оянда: Бонки рушди Евразия (ЕАБР) харитаи ҳамгироии нақлиётии қитъаро муаррифӣ намуд

Бонки рушди Евразия (ЕАБР) гузориши таҳлилӣ таҳти унвони «Каркаси нақлиётии Евразия: Обсерваторияи лоиҳаҳо ва харитаи интерактивӣ»-ро ба нашр расонд, ки дар он ҳолати кунунӣ ва дурнамои ташаккули долонҳои асосии нақлиётии минтақаи Евразия инъикос ёфтааст. Ҳадафи асосии ҳуҷҷат мусоидат ба мониторинг ва ҳамоҳангсозии рушди инфрасохтори масирҳое мебошад, ки пайвастагии иқтисодии кишварҳои қитъаро таъмин мекунанд.

Тибқи маълумоти таҳқиқот, то 1 июли соли 2025 ба Каркаси нақлиётии Евразия (КНЕ) 325 лоиҳаи инфрасохторӣ бо ҳаҷми умумии сармоягузорӣ 234,1 млрд доллари ИМА ворид гардидаанд. Аз онҳо беш аз 60 фоиз дар марҳилаи татбиқ, 12,8 фоиз дар марҳилаи таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва 27,2 фоиз дар марҳилаи банақшагирӣ қарор доранд. Ин нишондиҳандаҳо аз гузаштани ташаббус ба марҳилаи амалии рушд шаҳодат медиҳанд.

Роҳҳои автомобилгард — пояи ҳаракати евразиявӣ

Яке аз хулосаҳои калидии гузориш афзалияти рушди инфрасохтори роҳҳои автомобилгард мебошад. 51,9 фоизи ҳамаи сармоягузориҳо, ки то соли 2035 барои рушди долонҳои байналмилалии нақлиётӣ пешбинӣ шудаанд, маҳз ба ҳамин самт равона мегарданд.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки барои рушди логистика, тиҷорат ва сайёҳӣ, махсусан дар кишварҳо ва минтақаҳои бебаҳр, ташкили шабакаи роҳҳои босуръати босифат аҳамияти ҳалкунанда дорад. Пешбинӣ мешавад, ки то соли 2035 гардишҳои тиҷоратӣ ва сайёҳӣ тавассути зиёда аз 10 ҳазор километр роҳҳои босуръат дар ҳадди ақал 7 кишвари минтақаи Евразия таъмин мегарданд.

Осиёи Марказӣ — гиреҳи стратегии қитъа

Дар гузориш ба Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст, зеро нақлиёти автомобилӣ дар ин минтақа нақши муҳимеро дар баланд бардоштани ҳамгироии нақлиётӣ мебозад. Ба кишварҳои минтақа зиёда аз 22 фоизи сармоягузориҳо, ки ба рушди КНЕ равона мешаванд, рост меояд. Айни замон дар Осиёи Марказӣ 90 лоиҳа ба маблағи тақрибан 53 млрд доллари ИМА амалӣ ё дар нақша қарор доранд.

Қариб ду се ҳиссаи сармоягузориҳо дар минтақа ба рушди шабакаи роҳҳои магистралии автомобилгард равона шудаанд, ки ба воқеиятҳои ҷуғрофӣ ва иқтисодии минтақа мувофиқат мекунад.

Тибқи маълумоти ЕАБР, Тоҷикистон дар лоиҳаҳои Каркаси нақлиётии Евразия 1 млрд доллари ИМА сармоягузорӣ менамояд, ки аз манфиатдор будани кишвар ба густариши иқтидори транзитӣ ва ҳамгироии нақлиётӣ шаҳодат медиҳад.

Долонҳо ва масирҳо: Тоҷикистон дар чорроҳаи роҳҳо

Дар гузориш долонҳои асосии КНЕ муфассал нишон дода шудаанд. Аз ҷумла, дар доираи долони ТРАСЕКА аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин масирҳои автомобилгард мегузаранд:

  1. Тошканд – Конибодом – Андиҷон;
  2. Бухоро – Қаршӣ – Тирмиз – Бохтар – Кӯлоб;
  3. Душанбе – Тирмиз;
  4. Шерхон-Бандар (Афғонистон) – Поёни Панҷ – Душанбе – Ваҳдат – Лахш (Тоҷикистон) – Қарамиқ (Қирғизистон);
  5. Мазори Шариф – Пули Хумрӣ – Поёни Панҷ – Душанбе – Сарӣ-Тош;
  6. Тирмиз – Сари Осиё – Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб – Хоруғ – Мурғоб – Қулма – Қарасу (Чин);
  7. Тошканд – Ойбек – Хуҷанд – Конибодом – Андархон – Қӯқанд;
  8. Тошканд – Ойбек – Хуҷанд – Душанбе – Бохтар – Поёни Панҷ – Шерхон-Бандар (Афғонистон).

Дар доираи долони Ҷанубии Евразия низ масири тӯлонии автомобилгард пешбинӣ шудааст, ки бандарҳои Туркия ва Чинро тавассути Эрон, Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба ҳам мепайвандад.

Миқёси фарогирӣ ва манбаъҳои иттилоот

Дар буриши кишварҳо 7 аз 10 лоиҳаи бузурги КНЕ ба Федератсияи Русия рост меояд, ки миқёси барномаҳои инфрасохтории онро инъикос мекунад.

Дар маҷмӯъ, гузориши ЕАБР 13 кишвари минтақаи Евразия — Озарбойҷон, Арманистон, Афғонистон, Беларус, Гурҷистон, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистонро фаро мегирад.

Маълумоти обсерватория дар асоси манбаъҳои кушода, аз ҷумла барномаҳои миллию байналмилалии рушди нақлиёт, иттилооти расмӣ, арзёбиҳои коршиносӣ ва дигар маводҳои дастрас ташаккул ёфта, мунтазам нав карда мешавад.

Ҳамин тавр, гузориши муаррифинамудаи ЕАБР на танҳо вазъи кунунии инфрасохтори нақлиётии Евразияро нишон медиҳад, балки самтҳои рушди дарозмуддатро муайян месозад, ки дар он Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ҷойгоҳи торафт муҳимтарро ишғол мекунанд.

АКС: Евразийский Банк Развития

error: