Душанбе, 19 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» вохӯрии роҳбарияти Маъмурияти СЭЗ бо намояндагони ширкати чинӣ «Янчуан», шаҳри Янчуан, вилояти Шаньси, баргузор гардид. Мавзӯи асосии баррасӣ дурнамоҳои таъсиси корхонаи истеҳсоли панелҳои офтобӣ дар қаламрави минтақа буд.

Дар ҷараёни боздид ба меҳмонон маълумоти муфассал оид ба фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд», имкониятҳои сармоягузорӣ, имтиёзҳои андозӣ ва дигар сабукӣҳо, ҳамчунин мавқеи географии муфиди минтақа барои ҷойгиркунии корхонаҳои саноатӣ пешниҳод гардид.
Фу Юаньшэн, асосгузори ширкати «Янчуан», доир ба самтҳои асосии фаъолият, дастовардҳо ва нақшаҳои ояндаи ширкат маълумот дод. Гуфта мешавад, ки ширкати мазкур сатҳи баланди ташкили равандҳои истеҳсолиро дорост, махсусан дар соҳаи истихроҷи маъдан ва коркарди ангишт.
Дар поёни вохӯрӣ намояндагони Маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» заминҳои холии минтақаи озодро, ки барои таъсиси субъектҳои нави саноатӣ ва ҷалби сармоягузор пешниҳод мешаванд, муаррифӣ карданд.
Мутахассисон таъкид мекунанд, ки амалӣ шудани лоиҳа оид ба истеҳсоли панелҳои офтобӣ на танҳо ба рушди энергияи барқароршаванда дар минтақа мусоидат мекунад, балки ҷойҳои нави корӣ эҷод намуда, технологияҳои муосирро ҷалб ва ҷолибияти сармоягузории Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро тақвият мебахшад.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
