Душанбе, 22 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба марҳилаи нави рушди сифатӣ қадам мегузоранд. Масъалаҳои густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии лоиҳаҳои муштарак дар мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Абдураҳмонзода бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон Радослав Дарски, ки имрӯз дар Душанбе баргузор гардид, баррасӣ шуданд.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар доданд, ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаро мавриди таҳлил қарор дода, самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ барои давраи миёнамуддатро муайян намуданд. Дар меҳвари гуфтугӯ масъалаҳои ҳамкории сармоягузорӣ, татбиқи ташаббусҳои муштарак, инчунин рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои стратегии муҳим — энергетикаи «сабз», рақамикунонӣ, рушди инфрасохтор ва ташаккули сармояи инсонӣ қарор доштанд.
Дар ҷараёни мулоқот ба рушди муносибатҳо дар доираи Созишномаи густаришёфтаи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки имзои ин санад дар соли 2026 заминаи ҳуқуқию институтсионалиро барои гузариш ба марҳилаи нави ҳамкорӣ — амиқтар ва низоммандтар — фароҳам меорад.
Ба ақидаи коршиносон, таҳкими пойгоҳи шартномавию ҳуқуқӣ метавонад ба муносибатҳои иқтисодӣ такони иловагӣ бахшида, ҷолибияти Тоҷикистонро барои сармоягузорони аврупоӣ афзоиш диҳад ва ҷорӣ гардидани стандартҳои муосири идоракунӣ, рушди устувор ва қарорҳои технологиро мусоидат намояд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ба идомаи муколамаи мунтазам ва таҳкими ҳамкории судманд дар самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодӣ таъкид намуда, манфиатдории мутақобиларо ба шарикии дарозмуддат ва амалгароёна изҳор карданд.
Акс: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
