Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба садгонаи беҳтарини ҷаҳон ворид шуд – ИА Караван Инфо
Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба садгонаи беҳтарини ҷаҳон ворид шуд

Душанбе, 22 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дастаи миллии футболи Тоҷикистон ба марҳилаи муҳими таърихии худ расида, бори аввал ба садгонаи беҳтарин дастаҳои ҷаҳон дар рейтинги ФИФА ворид гардид. Тибқи рейтинги навшудаи Федератсияи байналмилалии футбол, ки 19 январ дар сомонаи расмии созмон нашр шуд, тими миллӣ мақоми 100-умро ишғол намуд.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо рейтинги қаблӣ даста як зина боло рафта, бо 1224,93 имтиёзи рейтингӣ мавқеи худро мустаҳкам кард. Ин дастовард натиҷаи бозии устувор ва рушди пайгиронаи футболи миллӣ дар солҳои охир арзёбӣ мешавад.

Дар миёни дастаҳои қитъаи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар мақоми 17-ум қарор дорад, ки аз болоравии сатҳи рақобатпазирии он дар минтақа шаҳодат медиҳад.

Ба андешаи коршиносон, ворид шудан ба садгонаи беҳтарини рейтинги ФИФА на танҳо нишондиҳандаи оморӣ, балки омили муҳими равонӣ низ ба шумор меравад. Он нуфузи байналмилалии тими миллиро боло бурда, таваҷҷуҳи мухлисонро меафзояд ва барои бозигарон ва ҳайати мураббиён дар остонаи бозиҳои ҳалкунанда ангезаи иловагӣ фароҳам меорад.

Бозии навбатии дастаи миллии Тоҷикистон 31 март дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад. Дар даври ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё–2027 ҳариф тими миллии Филиппин хоҳад буд. Ин вохӯрӣ метавонад дар тақвияти минбаъдаи мавқеи Тоҷикистон дар футболи қитъавӣ нақши ҳалкунанда бозад.

Навсозии навбатии рейтинги ФИФА ба 1 апрел рост меояд ва натиҷаи бозии дарпешистода метавонад ба ҷойгоҳи минбаъдаи даста дар раддабандии ҷаҳонӣ таъсири мустақим расонад.

Акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон

error: