МОСКВА, 20 январи соли 2026 — Агентии иттилоотии Караван Инфо. Владимир Путин бо аъзои доимии Шӯрои Амният ҷаласаи фаврӣ баргузор кард.

Дар рӯзномаи ҷаласа ду самти асосӣ буданд:
• Муҳокимаи масъалаҳои ҷорӣ дар соҳаи амнияти миллӣ;
• Муайян кардани равишҳои Русия барои иштирок дар бунёди ҷаҳони бисёрқутба. Вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров дар ин масъала гузориш дод.
Дар ҷаласа инҳо иштирок доштанд:
Сарвазир Михаил Мишустин, раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко, раиси Думаи давлатӣ Вячеслав Володин, муовини раиси Шӯрои амният Дмитрий Медведев, роҳбари дастгоҳи иҷроияи президент Антон Вайно, котиби Шӯрои амният Сергей Шойгу, ёвари президент Николай Патрушев, вазири корҳои дохилӣ Владимир Колоколтсев, вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров, директори Хадамоти амнияти федералӣ Александр Бортников, директори Хадамоти иктишофии хориҷӣ Сергей Наришкин ва намояндаи махсуси президент оид ба ҳифзи муҳити зист, экология ва нақлиёт Сергей Иванов.

Акс: Кремл
