Амонат — танҳо онлайн: Сафорати ИМА тартиби пардохт барои визаҳои B1/B2-ро шарҳ дод – ИА Караван Инфо
Амонат — танҳо онлайн: Сафорати ИМА тартиби пардохт барои визаҳои B1/B2-ро шарҳ дод

Душанбе, 27 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон расмиёти пардохти замин (депозит)-ро барои раводидҳои ғайримуҳоҷиратии категорияи B1/B2 расман тавзеҳ дод ва шаҳрвандонро ба эҳтиёткорӣ даъват намуд.

Тибқи иттилои намояндагии дипломатӣ, замин барои раводиди меҳмонӣ ё сайёҳии ИМА танҳо ба таври онлайн пардохт мешавад ва ҳеҷ гоҳ мустақиман ба сафорат супорида намешавад. Ин талабот ба он ҳолатҳо дахл дорад, ки пас аз мусоҳиба бо консули ИМА раводид тасдиқ гардида, аммо барои супоридани он пардохти замин зарур аст.

«Агар раводиди шумо баъд аз мусоҳиба бо консули ИМА тасдиқ шуда бошад ва пеш аз додани он пардохти замин талаб карда шавад, Шӯъбаи консулӣ ба шумо тавассути почтаи электронӣ пайванд ба сомонаи Pay.gov мефиристад, то маблағи муқарраршударо пардохт намоед», — омадааст дар хабар.

Таъкид мешавад, ки пайванд танҳо ба довталабоне ирсол мегардад, ки раводиди онҳо аллакай тасдиқ шудааст, ва пардохт танҳо дар сомонаи расмии Pay.gov анҷом дода мешавад.

Ин шарҳ дар заминаи тағйироти ахири сиёсати раводидии ИМА садо дод. Аввали моҳи январ Иёлоти Муттаҳида 38 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистонро, ба рӯйхати давлатҳое шомил кард, ки шаҳрвандонашон баъд аз тасдиқи раводиди B1/B2 вазифадоранд заминро ба маблағи аз 5 то 15 ҳазор доллари ИМА пардохт намоянд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки ин тадбир ба коҳиши вайронкуниҳои раводидӣ равона шудааст, вале ҳамзамон аз довталабон масъулият ва диққати бештарро талаб мекунад.

Акс: feodgroup.com

error: