Душанбе, 27 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Аз соли таҳсили 2026–2027 дар низоми таҳсилоти олии Тоҷикистон як самти нави муҳими дорои аҳамияти стратегӣ роҳандозӣ мешавад. Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино факултети нави тайёр намудани табибони ҳарбӣ фаъолият оғоз хоҳад кард.

Дар бораи ифтитоҳи факултети нав ректори донишгоҳ Муҳиддин Нуриддин зимни нишасти матбуотӣ хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, қабули довталабон аз тариқи Маркази миллии тестӣ сурат гирифта, аз моҳи сентябр оғоз меёбад. Барои соли аввал қабули 100 нафар — 90 писар ва 10 духтар дар назар аст. Таҳсил пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад.
Хатмкунандагони ин факултет метавонанд дар сохторҳои Қувваҳои Мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои қудратии кишвар ба кор ҷалб шаванд. Ба андешаи коршиносон, таъсиси чунин факултет ба ҳалли мушкилоти норасоии кадрҳои тиббии ҳарбӣ мусоидат намуда, сатҳи омодагии касбии мутахассисонро барои фаъолият дар шароити махсус баланд мебардорад.
Ҳамзамон, донишгоҳ самтҳои таҳсилоти шаҳрвандиро низ густариш медиҳад. Муассиса барои ду ихтисоси нав — «Психологияи тиббӣ» ва «Биохимияи клиникӣ» иҷозатнома гирифтааст. Қабули донишҷӯён ба ин ихтисосҳо низ аз соли нави таҳсил оғоз мегардад, ки ба талаботи рӯзафзуни низоми тандурустӣ ба мутахассисони соҳавӣ ҷавобгӯ мебошад.
Айни замон дар донишгоҳ панҷ факултет, 63 кафедра (аз ҷумла 37 кафедраи клиникӣ), 12 маркази илмӣ-амалӣ ва Институти илмӣ-тадқиқотии тиббӣ фаъолият доранд. Ифтитоҳи факултетҳо ва ихтисосҳои нав бозгӯи сиёсати пайгиронаи навсозии таҳсилоти тиббӣ ва мутобиқсозии он ба ниёзҳои стратегии давлат мебошад.
Акс: tajmedun.tj
