Дар соли нави хониш дар мактабҳои Тоҷикистон 117 омӯзгор аз Русия дарс хоҳанд гуфт. Соли хониши гузашта 73 нафар буданд, хабар медиҳад “Хонаи Рус” дар ҷумҳурӣ.
Аввалин омӯзгорон-иштирокчиени лоиҳаи байналмилалии Вазорати маорифи Русия-омӯзгори Русия дар хориҷа – аллакай ба мактабҳои Тоҷикистон омадаанд. Онҳо ба кӯдакон забони русӣ ва фанҳоро ба забони русӣ таълим медиҳанд.
Лоиҳа 27 мактабро дар 13 шаҳру маҳаллаи Тоҷикистон фаро мегирад.
“Муаллимони Русия ба ғайр аз фаъолияти мустақими омӯзгорӣ дар мактабҳо лоиҳаҳои таҳсилоти иловагиро пеш мебаранд, ба роҳнамоии касбии мактаббачагон, омодагӣ ба олимпиадаҳо машғуланд. Ғайр аз ин, онҳо дар якҷоягӣ бо омӯзгорони миллӣ дар соҳаи педагогика тадқиқот мегузаронанд ва дар ташкили маҷмааҳои таълимӣ-методӣ иштирок мекунанд. Ин кори бузургест, ки ба наздик кардани системаҳои маорифи мо кӯмак мекунад” гуфт Роҳбари маркази ҳамкории байналмилалии Вазорати маорифи Русия Сергей Малышев.
Тоҷикистон аввалин кишваре шуд, ки татбиқи лоиҳаи башардӯстонаи “Омӯзгори Русия дар хориҷа” – ро оғоз кард. Дар соли таҳсили 2019/2020 бо даъвати вазорати маориф ва илми ҶТ 48 омӯзгори аввал аз Русия ба ҷумҳурӣ омаданд. Дар тӯли чанд сол лоиҳа қисми ҷудонашавандаи системаи таълимии Тоҷикистон гардид.
Акс: t.me/rsgov_tj