Об ҳамчун захираи стратегӣ: мутахассисони тоҷик таҷрибаи Чинро дар соҳаи тозакунии об меомӯзанд – ИА Караван Инфо
Об ҳамчун захираи стратегӣ: мутахассисони тоҷик таҷрибаи Чинро дар соҳаи тозакунии об меомӯзанд

Душанбе, 28 январ, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити афзоиши аҳолии шаҳрӣ ва шиддат гирифтани талаботи экологӣ масъалаи тозакунии об барои Тоҷикистон аҳамияти стратегӣ пайдо мекунад. Бо ин ҳадаф мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» (КВД) бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба шаҳри Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар намуда, таҷрибаи пешқадами ҷаҳониро дар соҳаи тозакунии обҳои партов мавриди омӯзиш қарор доданд.

Тавре КВД «Обу корези Душанбе» хабар доданд, шаҳри Харбин яке аз марказҳои бузурги саноатӣ, илмӣ ва технологии минтақа буда, дорои инфрасохтори муосир дар соҳаи экология ва коркарди об мебошад. Дар ҷараёни сафар ҳайати тоҷик бо яке аз калонтарин ва пешрафтатарин неругоҳҳои тозакунии обҳои партови шаҳр шинос гардид.

Ин иншоот аз ду марҳилаи асосӣ иборат буда, беш аз 60 фоизи обҳои канализатсионии Харбинро тоза мекунад. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз то 700 ҳазор метри мукааб обро ташкил дода, ба зиёда аз ду миллион нафар хизмат мерасонад. Неругоҳ дар майдони тақрибан 58 гектар ҷойгир буда, бо истифода аз технологияҳои муосири биологӣ ва механикӣ фаъолият мекунад.

Равандҳои бисёрзинагии биологӣ ва низомҳои самараноки филтратсия имкон медиҳанд, ки сатҳи ифлоскунандаҳо то меъёрҳои баланди экологӣ поин оварда шаванд. Ин таҷриба намунаи равшани ҳамгироии илм, технология ва идоракунии муосир дар ҳифзи муҳити зист мебошад.

Ҳадафи асосии ин сафар омӯзиши таҷрибаи пешрафта, мубодилаи дониш ва татбиқи чунин қарорҳои самаранок дар рушди низоми обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе арзёбӣ мегардад.

ФОТО: КВД «Обу корези Душанбе»

error: