Душанбе, 04 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Соли 2025 Кумитаи корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 116 дархост-ро вобаста ба гузаронидани ташхиси маводи динӣ аз ҷиҳати мавҷудияти нишонаҳои ифротгароӣ мавриди баррасӣ қарор дода, аз ин шумора нисбат ба 708 дархост хулосаи манфӣ баровардааст.

Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумита Сулаймон Давлатзода иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни ташхис ва таҳлил чунин маводҳо баррасӣ шудаанд:
- 3 866 номгӯйи адабиёти динӣ;
- 4 313 саҳифаи манбаъҳои интернетӣ;
- 1 038 диск;
- 71 телефонҳои мобилӣ;
- 12 флеш-корт;
- 1 ноутбук.
«Аз шумораи умумии дархостҳо танҳо нисбат ба 408 ҳолат хулосаи мусбат дода шуд», — таъкид намуд раиси Кумита.
Барои муқоиса, дар соли 2024 аз 550 дархости воридшуда нисбат ба 292 адад хулосаи манфӣ бароварда шуда буд.
Дар Кумита таъкид мекунанд, ки гузаронидани чунин ташхисҳои мунтазам ба пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротгароёна ва таъмини амнияти динӣ дар кишвар равона шудааст.
Акс: Asia-Plus
