Қазоқистон ва Покистон шарикии стратегӣ эълон намуданд – ИА Караван Инфо
Қазоқистон ва Покистон шарикии стратегӣ эълон намуданд

Остона, 05 феврали соли 2026-АИ «Караван инфо». Президент Қасим-Жомарт Токаев ва Сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф эъломияи Муштаракро имзо намуданд, ки шарикии стратегии байни Қазоқистон ва Покистонро расман мустаҳкам намуд. Ҳуҷҷат натиҷаи асосии гуфтушунидҳои сатҳи олӣ гардид ва марҳилаи нави ҳамкории дуҷонибаро кушод.

Дар ҳузури роҳбарон созишномаҳо ва ёддоштҳо ба имзо расиданд, ки доираи васеи самтҳоро дар бар мегиранд: соҳаи кӯҳӣ ва геология, нақлиёт ва логистика, савдои транзитӣ, ҳамкории гумрукӣ, алоқаи роҳи оҳан ва баҳрӣ, тандурустӣ, байторӣ ва карантини растаниҳо. Ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамисозӣ, зеҳни сунъӣ, дороиҳои рақамӣ ва виртуалӣ, танзими молиявӣ ва рӯзномаи иқлим диққати махсус дода мешавад.

Ҷонибҳо инчунин, дар бораи ҳамкорӣ дар миссияҳои сулҳофарии СММ, истирдод, табодули фарҳангӣ ва гуманитарӣ барои солҳои 2026-2027, инчунин дар бораи шарикӣ байни донишгоҳҳо ва воситаҳои ахбори омма мувофиқа намуданд. Илова бар ин, дар доираи сафари давлатӣ имзои 18 санади дигар эълон намуда шуд, ки сатҳи баланди эътимод ва ҳадафи кишварҳоро ба ҳамкории дарозмуддат ва мутақобилан судманд тасдиқ мекунад.

Аксҳо: Акорда

error: