Ҷиҳати густариши ҳамкорӣ, табодули таҷриба ва мустаҳкам намудани риштаи дӯстӣ ҳайати кормандони ВКД Ҷумҳурии Беларус бо сафари истироҳатии ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
тавре хадамоти матбуоти вазорат хабар медиҳад, тибқи барномаи тарҳрезишуда сафари меҳмонон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз вазифаҳои хизматӣ буда, ба хотири шиносоӣ аз имкониятҳои сайёҳӣ, шароитҳои фароҳамгашта дар самти истироҳату табобат ва дигар ҷанбаҳои ҳаёти рӯзмарраи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.

Б ино ба маълумоти вазорат, қароргоҳ барои истироҳат осоишгоҳи Баҳористон интихоб гардида, ҳамарӯза меҳмонон ба мавзеъҳои таърихию тамошобоб ташриф оварда, бо урфу одатҳои миллӣ, меҳмонавозиҳои тоҷикона ва барномаҳои сайёҳӣ ошно мегаштанд.
Дар Осорхонаи вилояти Суғд ба меҳмонон аз таърихи давлатдории тоҷикон аз давраи қадим то имрӯз маълумот дода, бозёфтҳои археологӣ ва асбобу ашёҳои бостониро муаррифӣ карданд. Толорҳои осорхона ҳолати воқеъии имрӯз ва таърихи гузаштаи тоҷикон, давлатдорӣ, урфу одат, ҳунармандию косибиро дар асбобу ашё ҳамчун лавҳаи хотироти зинда намудор месохт. Сайру гашт дар Қалъаи навсозишудаи Хуҷанд, нақшу нигори миллӣ, ороишот дар чӯб ва гаҷкорию оинабандӣ меҳмононро ба ҳайрат овард.
Қасри Арбоб, ки барои халқи тоҷик макони сарнавиштсоз эътироф гардидааст, минтақаи дигари саёҳат барои меҳмонон гардид. Меҳмонон дар ин ҷо аз осорхонаи Қасри Арбоб низ баҳраманд гардиданд. Чойхонаи миллии Арбоб, ки дар паҳлӯи Касри Арбоб ҷойгир шудааст, бо кандакориву наққошиҳои беназираш, ки маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик мебошад, диққати меҳмононро ба худ ҷалб кард.
Меҳмоннавозии тоҷикона, маҳфили шеъру суруд ва огаҳи аз урфу одатҳои миллӣ саёҳати меҳмоноро хотирмон гардонид. Боздид аз бозори марказии вилоят Панҷшанбе ва шиносоӣ аз анъанаҳои боғдории халқи тоҷик бахши дигари барномаи сафарӣ буд, ки барои меҳмонони Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шуд. Боғи миллӣ воқеъ дар ноҳияи Б.Ғафуров ва дарахтони гуногуни ҳосилдеҳ имкон дод, аз ҷараёни парвариши меваҳои шаҳдбори Тоҷикистон ошно гарданд.
Ба иттилои сарчашма, барои меҳмонон таомҳои миллӣ муаррифӣ шуд.
мешуд.
Кормандони ВКД Беларус бо таассуроти нек аз меҳмоннавозии тоҷикона, табиат ва манзараҳои дилфиреб, маконҳои таърихӣ ба ватани худ баргаштанд.
АКС: ВКД Тоҷикистон