Душанбе, 10 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар Тоҷикистон соҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ тадриҷан аз доираи маҳдуди касбӣ берун рафта, ба яке аз абзорҳои муҳими рушди иҷтимоӣ ва фазоии кишвар табдил меёбанд. Дар ҳамин замина, моҳи августи соли 2026 дар ҷумҳурӣ Намоиш-озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳои меъморӣ ва шаҳрсозӣ» баргузор мегардад, ки ҳадафи он муаррифии дастовардҳои муосир ва муайян намудани самтҳои асосии рушди муҳити зист мебошад.

Ин чорабинӣ тибқи «Ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» доир гардида, яке аз муҳимтарин платформаҳои касбӣ барои меъморон, лоиҳакашон ва мутахассисони соҳаи сохтмон маҳсуб меёбад.
Тавре Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ҳадафи асосии ташкили намоиш-озмун муайян кардани лоиҳаҳои беҳтарини меъморӣ дар байни мутахассисони ҷумҳурӣ, муаррифии дастовардҳои лоиҳакашии муосир ва таҳкими аҳамияти иҷтимоии ихтисосҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон мебошад. Ҳамзамон, баланд бардоштани сифати муҳити фаъолияти ҳаётии аҳолӣ низ яке аз самтҳои калидии ин иқдом ба шумор меравад.
Намоиш-озмун аз рӯи якчанд номинатсия баргузор мегардад, аз ҷумла: лоиҳаи беҳтарини биноҳои истиқоматии бисёрошёна; биноҳо ва маҷмааҳои иҷтимоӣ, ҷамъиятӣ ва фарҳангӣ — муассисаҳои таълимӣ, табобатию истироҳатӣ, иншооти варзишӣ, марказҳои савдо, меҳмонхонаҳо, биноҳои маъмурӣ ва паркҳои технологӣ. Инчунин, бахши алоҳида ба асарҳои меъмории донишҷӯён ва коллективҳои эҷодӣ бахшида шудааст, ки ба дастгирии истеъдодҳои ҷавон нигаронда шудааст.
Таҷрибаи соли 2025 аҳамияти чунин чорабиниҳоро собит намуд. Он сол барои иштирок дар намоиш-озмуни ҷумҳуриявӣ 140 лоиҳа пешниҳод гардида, беш аз 453 лоиҳаи беҳтарин ва макети биною иншооти дорои таъйиноти гуногун аз ҷониби лоиҳакашони варзида ба намоиш гузошта шуд. Аз байни лоиҳаҳои пешниҳодшуда, ҳайати ҳакамон беҳтаринҳоро муайян намуда, ғолибон бо диплом ва туҳфаҳои хотиравию молӣ қадрдонӣ гардиданд.
Ба андешаи коршиносон, баргузории мунтазами чунин намоиш-озмунҳо ба ташаккули мактаби миллии меъморӣ, баланд бардоштани сифати лоиҳакашӣ ва мутобиқсозии муҳити шаҳрӣ ба ниёзҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд. Дар шароите, ки шаҳрҳои Тоҷикистон босуръат рушд мекунанд, чунин платформаҳо метавонанд ба ҳамгироии меъёрҳои эстетикӣ, функсионалӣ ва устувор дар сиёсати шаҳрсозии кишвар заминаи боэътимод гузоранд.
АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмон назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода дар Намоиш–озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин лоиҳаҳо дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ», акс аз бойгонӣ
