Душанбе, 10 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шароити тағйирёбандаи муҳити байналмилалӣ ва афзоиши аҳамияти амнияти миллӣ, масъалаи тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар меҳвари сиёсати давлатии Тоҷикистон қарор дорад. Дар ҳамин замина, имрӯз — 6 феврали соли 2026 — дар Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳфили омӯзишии «Пайравони Пешвои миллат» баргузор гардид.

Чорабинӣ дар асоси Нақша-чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ҳадафи он баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати ҳуқуқиву сиёсии ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» мебошад. Дар дарси кушоди омӯзишӣ Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ ва муовини аввали Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Раҳимзода Шабнам иштирок намуданд.
Сараввал Раҳимзода Шабнам бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, масъалаҳои хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллиро меҳвари асосии тарбияи ҷавонон арзёбӣ кард. Таъкид гардид, ки маҳз дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва арҷгузорӣ ба давлатдорӣ метавонад заминаи рушди устувори ҷомеаро фароҳам оварад.
Дар идома Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Собирзода Эмомалӣ бо ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» суҳбати гарму самимӣ анҷом дода, ҷавононро нерӯи созанда ва пайравони асили сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон номид. Ба гуфтаи ӯ, саҳми ҷавонон дар таҳкими суботи сиёсӣ ва амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад.

Зикр гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон ҷиҳати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва фаъолияти меҳнатӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Таълиму тарбия дар рӯҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ ва эҳтиром ба амнияти миллӣ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Вазорати мудофиа муайян шуда, дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои дахлдор пайгирона амалӣ мегардад.
Дар бахши ҷамъбастӣ аъзои Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» доир ба фаъолияти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо пешниҳод намуда, ба онҳо ҷавобҳои мушаххасу қонеъкунанда гирифтанд. Ин муколамаи ошкоро, ба андешаи иштирокчиён, ба баланд шудани сатҳи огоҳӣ ва эътимоди ҷавонон ба ниҳодҳои давлатӣ мусоидат намуд.

Коршиносон бар он назаранд, ки баргузории чунин маҳфилҳои омӯзишӣ на танҳо аҳамияти маърифатӣ дорад, балки ҳамчун абзори муҳими ташаккули ҷаҳонбинии сиёсӣ ва таҳкими пайванди ҷавонон бо сиёсати давлатӣ хизмат мекунад.
АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
