Душанбе, 11 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон рӯнамоии албоми «Ганҷинаи Тахти Сангин» баргузор гардид. Ин албом ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 25-солагии Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон ва омодагӣ ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ” нашр шудааст.

Дар сухани ифтитоҳӣ Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти олии кишвар ва таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати мамлакат солҳои охир ба ҳифз, омӯзиш ва тарғиби мероси гаронбаҳои аҷдодӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.
Рӯйдоди имрӯзаро метавон таърихӣ номид. Бори аввал дар тӯли фаъолияти Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон чунин албоми бунёдӣ ба табъ мерасад, ки ба яке аз муҳимтарин ёдгориҳои қадимаи сарзамини мо — Тахти Сангин — бахшида шудааст.
Ёдгории Тахти Сангин яке аз барҷастатарин мероси бостоншиносии Осиёи Марказӣ буда, ганҷинаи нодири тамаддуни ориёӣ маҳсуб меёбад. Ин макон сатҳи баланди фарҳангӣ, маънавӣ, тасаввуроти динӣ ва тафаккури ҳунарии ниёгони тоҷиконро инъикос менамояд. Маҳз дар ҳамин сарзамин унсурҳои муҳими анъанаи тамаддунӣ шакл гирифтаанд, ки дар таърихи фазои васеи Авруосиё нақши назаррас доштаанд.
Иқдоми Пешвои миллат оид ба таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ дурнамои навро барои омӯзиши мунтазам, ҳифз ва тарғиби ин мерос фароҳам меорад. Албоми “Ганҷинаи Тахти Сангин” нахустин қадами амалӣ дар роҳи татбиқи он ба ҳисоб меравад. Нашрия заминаи устувори илмӣ ва консептуалиро барои фаъолияти минбаъдаи марказ фароҳам намуда, равиши муосири таҳқиқ ва муаррифии ёдгориҳои тамаддуни ориёиро нишон медиҳад.

Муҳим он аст, ки албом на танҳо маҷмӯаи аксҳо аст, балки натиҷаи заҳмату таҳқиқоти тӯлонӣ ва ҳамоҳангии мутахассисони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ва Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон мебошад. Он дақиқияти академиро бо фарҳанги баланди нашр муттаҳид мекунад, арзиши таърихиву ҳунарии ёдгориҳоро бозгӯ мекунад ва вазифаи муҳими ҳифзро иҷро менамояд.
Дар рӯнамоӣ якчанд олимони бонуфуз, аз ҷумла Юсуфшо Ёқубов, Лариса Додхудоева, Наргис Хоҷаева, пажуҳишгарони хориҷӣ — Кэрси Шроф (ИМА) ва Дружинина А.П. (Олмон), ҳамчунин академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода ва директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон Пӯлотов Абдураҳмон суханронӣ намуда, доир ба заминаҳои таърихию фарҳангии ёдгории Тахти Сангин, аҳамияти илмӣ ва арзиши тамаддунии он андешаҳои худро баён карданд.

Чорабинӣ на танҳо ба муаррифии ёдгории бостонӣ равона буд, балки нишон дод, ки омодагӣ ба ҳифз ва тарғиби мероси ориёӣ асоси таҳкими худшиносӣ, худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Албоми имрӯза ва иқдоми таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ заминаи устувори илмӣ ва фарҳангиро барои наслҳои оянда фароҳам меорад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
