Тоҷикистон дар ҷустуҷуи шарик барои ба кор андохтани як корхонаи бузурги коркарди нафт дар Данғара аст ва ширкати «Татнефт»-ро барои амалисозии ин ҳадаф номзади беҳтарин медонад.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар форуми сармоягузорӣ дар Душанбе, таъкид кард, ки ин лоиҳа барои кишвар аҳамияти стратегӣ дошта, ба таъмини шарикии дарозмуддат бо ин ширкати русӣ изҳори умед кард.
Корхонаи коркарди нафти Данғара, ки шаш сол пеш бо иқтидори лоиҳавӣ 1 миллиону 200 ҳазор тонна нафт дар як сол сохта ба истифода дода шуда буд, аз сабаби нарасидани ашёи хом то ҳол ба кор андохта нашудааст.
Тоҷикистон истихроҷи нафти худро надорад ва аз кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия маводи сӯзишворӣ ворид мекунад. Тибқи омори расмӣ дар соли 2023 воридоти сӯзишворӣ 13% афзоиш ёфта, ба 1,4 миллион тонна расидааст, ки 60%-и он аз Русия ворид шудааст. Дар навбати худ ширкати “Татнефт” аз оғози соли 2024 воридоти маҳсулоти нафтиро ба Тоҷикистон оғоз кардааст.
Дар назар аст, ки ҳамкорӣ бо ширкати “Татнефт” метавонад якчанд мушкилотро ҳал кунад. Аз ҷумла:
г) бо ашьёи хоми муътадил Корхонаи коркарди нафти Данғараро таъмин намояд.
д) технология ва ташхиси заруриро барои ба кор андохтани корхона манзур намояд.
е) Корхонаи коркарди нафти Данғара ба яке аз корхонахои калонтарини ҷумҳурӣ мубаддал гашта, ба тараққиёти саноати сузишвории Тоҷикистон хиссагузор хоҳад гашт.
Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир аз сатҳи баланди салоҳияти ширкати «Татнефть» таъкид карда, ба ҳамкориҳои муваффақ, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд, изҳори умедвор кард.
Корхонаи коркарди нафти Данғара аз ҷониби корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин «ТК-Ойл» сохта шудааст. Ширкати маҳаллии Ҳасан ва Ко дорои 10% саҳмияҳои ин корхона буда, ширкати чинии Dong Ying heli Investment and Development Co. Ltd (корхонаи фаръӣ ширкати чинии CNPC) дори 90%-и саҳми ширкати номбурда мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз