Баргузории машқҳои  муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Давлатҳои аъзои СПАД  – ИА Караван Инфо
Баргузории машқҳои  муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Давлатҳои аъзои СПАД 

Машқҳои  муштараки тактикӣ ва махсуси «Сахра-2024» («Скала-2024») бо воҳидҳои мақомоти ваколатдор дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулоддаи Давлатҳои аъзои СПАД рӯзҳои 4-5 сентябри  дар   Ҷумҳурии Қазоқистон доир шуд, иттилоъ дод  хадамоти матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ин тамрин наҷотбахшон аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия ширкат варзиданд.

4 сентябри ду марҳилаи машқҳо таҳия гардида, дар доираи он дар шакли бозии фармондеҳию ситодӣ кори ситодҳои фаврии машқи намудани амалҳо дар ҳолати таҳдид ва ҳодисаи заминларза ташкил карда шуд.   Марҳилаи саввум қисми амалии машқҳо дар пойгоҳи тамринӣ дар самти таълими ҷузъу томҳои наҷотбахши СПАД «Рок-Сити-Остона» буд. 

Наҷотдиҳандагон бо истифода аз ҳавопаймоҳо иктишофи минтақаи зилзиларо анҷом дода, дастаҳои наҷотбахши таъиноти махсусро бо кинологҳо ба замин фуруд оварданд. Амалиёти наҷотро дар минтақаи харобшавии иншооти сохтмонӣ ва дар шароити олудашавии кимиёвии минтақа, безараргардонии минтақа анҷом доданд.

Илова бар ин, чорабиниҳои муштарак оид ба хомӯш кардани сӯхтор ва анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва садамавӣ дар нақлиёти роҳи оҳан, расонидани ёрии аввалияи тиббӣ ба осебдидагон, ҷойгир ва ташкили кори бошишгоҳи саҳроӣ барои аҳолии зарардида, лабораторияи кимиёвии саҳроӣ таҳия карда шуданд.

Дар ин тамринот наҷотдиҳандагони кишварҳои узви СПАД на танҳо малакаҳои амалии худро дар рафъи оқибатҳои заминларзаи харобиовар такмил доданд, балки дар самти баргузории корҳои имдодрасонӣ табодули таҷриба карданд.

5 сентябри дар майдони тамринии «Остона – шаҳри сахраӣ», воқеъ дар мавзеи Тамғали Таши вилояти Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи понздаҳуми Шӯрои ҳамоҳангсозии ҳолатҳои фавқулоддаи кишварҳои узви СПАД баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рустам Назарзода иштирок кард.

Дар кори Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ҳамчунин  Котиби Генералии СПАД  И.Тасмагамбетов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Беларус В. Синявский, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ч. Аринов, вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қирғизистон Б. Ажикеев, вазири корҳои мудофиаи гражданй, вазъияти фавкулодда ва рафъи офати табиии Русия А. Куренков ширкат карданд.

Ҷаласа таҳти раёсати вазири ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Қазоқистон Ч. Аринов гузашт.

Мавзӯъҳои асосии баҳс дурнамои ҳамкориҳои минбаъда бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати истифодаи неруи онҳо дар расонидани кумак ба осебдидагони ҳолатҳои фавқулодда, натиҷаҳои тамриноти махсуси «Рок-2024», тасдиқи нақшаи чорабиниҳо барои соли 2025, густариши ҳамкориҳои амалии воҳидҳои наҷот, ки ба баланд бардоштани сатҳи омодагӣ ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи кишварҳои узви СПАД нигаронида шудааст, иборат буд.

Дар поёни мулоқот бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои кишварҳои узви СПАД дар самти мудофиаи гражданӣ Протокол ба имзо расид.

Дар маҷмӯъ, машқҳои воҳидҳои наҷотбахши панҷ кишвар нишон доданд, ки нерӯҳои муштарак қодиранд дар рафъи ҳолатҳои фавқулодда бомуваффақият ҳамкорӣ кунанд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

error: