Масъалаи ҳамкории дуҷониба байни Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ширкати «Радметрон» — и Ҷумҳурии Беларус зимни вохурӣ дар Душанбе муҳокима гардид, хабар медиҳад сомонаи агентии мазкур.
Ширкати «Радметрон» ба истеҳсол ва фурӯши таҷҳизоти муайянкунанда ва кашфи маводи радиатсионӣ, инчунин химиявӣ машғул аст. Истифодаи таҷҳизоти ин ширкат, ки шакли электронии он муаррифӣ шуд, дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумрук ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имконпазир аст.
Зимни вохӯрӣ мутахассисони Беларус барои ҳамкории судманд изҳори омодагӣ намуданд. Ҳамчунин ҷонибҳо оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибае, ки дар самти бехатарӣ ва кашфи маводи радиатсионӣ мавҷуд аст, ба мувофиқа расиданд.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон