Панҷакент: баргузор гардидани ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез – ИА Караван Инфо
 Панҷакент: баргузор гардидани ҳамоиш бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез

Душанбе, 14 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Бо ҳадафи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро ва таҳкими амнияти миллӣ, 12 феврал дар шаҳри Панҷакент бо ибтикори Прокуратураи шаҳр, ҳамоҳанг бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бо экстремизми хушунатомез ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Чорабинӣ дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев доир шуд.

Дар ҳамоиш намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, омӯзгорон, ҷавонон, имомхатибон, аъзоёни Кумитаи падару модарон ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ иштирок карданд. Мусобиқа бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид, ки фазои чорабинӣ ба намоиши ҳувияти миллӣ ва ҳамбастагии шаҳрвандон равшанӣ мебахшид.

Проткурори шаҳри Панҷакент, мушовири адлияи дараҷаи 1 Раҳматзода Искандар, дар оғози ҳамоиш баромад намуда, таъкид кард, ки экстремизми хушунатомез яке аз таҳдидҳои ҷиддии замони муосир буда, мубориза бо он вазифаи умумии тамоми ҷомеа мебошад.

Баъдан намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва коршиносон суханронӣ карданд, аз ҷумла:

  1. полковник Акобиров Саидҷон — Сардори шуъбачаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент;
  2. Мурод Шукурзода — муовини раиси шаҳри Панҷакент;
  3. подполковник Умарзода Усмон Тура — муовини сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Панҷакент;
  4. Шириншоҳ Нуруллозода — мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр;
  5. Ҳоҷиев Комрон — декани факултети таърих ва ҳуқуқи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент.

Онҳо оид ба сабабҳои пайдоиши экстремизм, роҳҳои пешгирӣ ва нақши ҷавонон дар ҳифзи сулҳу субот, инчунин таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар паҳншавии андешаҳои ифротӣ маърӯзаҳои таҳлилӣ пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, иштирокчиён оид ба аҳамияти ҳамкории давлат ва ҷомеа ва тарбияи маърифати ҳуқуқӣ ва ватандӯстӣ муҳокима карданд.

Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён ба хулоса омаданд, ки мубориза бо экстремизми хушунатомез танҳо тавассути маърифати дуруст, тарбияи ватандӯстӣ, ҳамкории муассир миёни давлат ва ҷомеа ва эҳтироми қонун самаранок амалӣ мегардад.

Чанде аз фаъолон низ миннатдории худро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд, ки тавассути сиёсати оқилона ва дастгириҳои пайвастаашон ба амнияти миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамоиш бо қабули тавсияҳои мушаххас, даъват ба сулҳу ваҳдат ва садо додани Суруди миллӣ ҷамъбаст гардид ва ба иштирокчиён хотиррасон сохт, ки ҳамбастагӣ ва огоҳии шаҳрвандӣ асоси ҳифзи ҷомеаи осоишта ва амн мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент

error: